Имрӯз, 21 июни соли 2024 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон Иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати шашум доир гардид.
Кори Иҷлосия бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоби ҳайати котибот ва тасдиқи рӯзнома оғоз гардид.
Дар кори иҷлосия вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, муовини якуми Раиси шаҳр, муовинони Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, мудирони шуъбаю бахшҳо ва роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилотҳои шаҳрӣ, раисони ҷамоати шаҳракҳо иштирок намуданд.






Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар доираи нахустин мулоқоти Форуми занони Тоҷикистону Чин бахшида ба сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин дар мавзуи “Муколама ва ҳамкорӣ” меҳмонони Форум санаи 20.06.2024 ба шаҳри Гулистон ташриф оварданд.
Санаи 20 июни соли 2024 дар толори Муассисаи давлатии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” дар шаҳри Хуҷанд даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон” дар байни занон- хизматчиёни давлатие, ки дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ фаъолият доранд, ҷамъбаст гардид. Дар ҷамъбасти озмуни мазкур Бунафша Файзиддинзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мулоқоти Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода бо роҳбарони ташкилотҳои бонуфуз аз Федератсияи Россия, Глушенко Максим Игоревич директори МСК ГРУПП
Ҷиҳати иҷрои барқияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз 28 майи соли 2024, №282-5/5тф оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2022, №204 “Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030” даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин хизматчии давлатӣ” аз ҳисоби занон тибқи Низомнома ташкил ва баргузор гардида буд.















