Дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистон тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони коргоҳи истеҳсоли қубурҳои полиэтиленӣ ва ноқил идома дорад.
Аснои шиносоии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ иттилоъ дода шуд, ки маҳсулоти дар оянда истеҳсолшаванда воридотивазкунанда мебошад.
Коргоҳ аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ Саидбой Абдуллоев сохта шуда, корҳои созандагӣ дар иншоот тибқи нақша пеш меравад. Мусаллам аст, ки дар бозори дохил ва берун аз он талабот бо ноқилҳои барқӣ зиёд аст. Дар коргоҳ истеҳсоли қубурҳои полиэтиленӣ барои обёрии заминҳо ва беш аз 10 намуди ноқилҳои барқӣ ба роҳ монда мешавад.
Мақолаҳои боқимонда...
- Поздравительное послание Президента Республики Таджикистан, Лидера нации Эмомали Рахмона по случаю праздника
- Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди саиди Фитр
- Дастгирии шахсони ниёзманд ва дорои имконияти маҳдуд дар остонаи таҷлили Иди саиди Фитр






Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Гулистон бо фаъолияти корхонаи истеҳсоли картон ва шишабарории ҶДММ "Сахо ва Ко" шинос гардид.
Имрӯз, 16 апрели соли 2024 дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон маҷлиси фаъолони шаҳр доир гардид, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар се моҳи соли 2024 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.
10 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд.
9 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Сарбанди шаҳри Гулистони вилояти Суғд коргоҳи коркарди моҳиро мавриди истифода қарор дода, бо раванди фаъолияти хати истеҳсолӣ шинос шуданд.













