Имрӯз, 15.06.2024 дар маркази шаҳр, ҷамоати шаҳракҳо аз ҷониби кормандони Корхонаи воҳиди давлатии хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр ва кормандони ташкилоту муассисаҳо корҳои ободонӣ аз қабили тоза намудани гирду атрофи корхонаву муассисаҳо, шафати роҳҳо, оромгоҳ ва гирду атрофи онҳо аз алафҳои хушк ба муносибати иди Қурбон ба роҳ монда шуд.
Дар арафи иди Қурбон баргузор намудани корҳои ободонӣ дар мавзеъҳои ҷамъиятӣ, оромгоҳҳо амрест хайр.
Масъулин, ҷиҳати тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист мунтазам тадбирҳои зарурӣ меандешанд.






Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ба муносибати иди саиди Қурбон кӯдакони ятим ва шахсони дорои имконияти маҳдуди ҷисмонӣ доштаро аёдат намуд. Ба кӯдакони ятим ва шахсони дорои имконияти маҳдуд кумаки моддӣ дар намуди маводи ғизоии ниёзи аввал расонида шуд.
Ҳамшаҳриёни гиромӣ!
Санаи 07.06.2024 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи корӣ бо фаъолони шаҳр баргузор гардид.
Санаи 07.06. 2024, дар варзишгоҳи маркази шаҳр даври ниҳоии мусобиқаи шаҳрии футбол байни кормандони ташкилоту муассисаҳо ва ҷамоати шаҳракҳо барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Гулистон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи умумиҷаҳонии футбол, баргузор гардид. Дар даври ниҳоии мусобиқаи мазкур кормандони шуъбаи дар шаҳри Гулистон будаи РКДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, соҳаи тандурустӣ, ҷамоати шаҳраки Адрасмон ва коллеҷи тиббӣ байни ҳам рақобат намуданд.
















