Матни равон

Муассисаи давлатии “Мактаби варзишии бачагон ва наврасони шаҳри Қайроққум” субҳи шанбеи ҳар ҳафта дар боғи фарҳангу фароғатии “24-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ” бо иштироки дӯстдорони варзиши сабук машқҳои гуногун мегузаронад. Тадбири номбурда барои ҷалби доираи васеъи хонандагони муассисаҳои таълимии маркази шаҳр ва оммавияти варзиш дар “Соли фарди солим” басо муфид аст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қайроққум ба тозагии муҳити атроф, ниҳолшинонӣ ва сабзкорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Аз ин ҷост, ки рӯзи шанбе кулли сокинони шаҳр ба ҳашар баромада, бо иштироки фаъолона дар тоза намудани маҳалли зист, ҳудуди корхонаҳо корҳои зиёдеро ба сомон расониданд.

Тибқи нақша бо ҳадафи омодагии хуб ба истиқболи ҷашни Наврӯзи байналмилал гузаронидани чунин ҳашарҳои умумӣ ҳар ҳафта дар назар аст.

5 феврал дар толори МИҲД-и шаҳр конференсияи Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии шаҳри Қайроққум баргузор гардид.

Ҳайдар Муродов оид ба фаъолияти Кумитаи иттифоқи касаба гузориши муфассал дод.

Раиси комиссияи тафтишотӣ Истадҷон Артукова дар бораи хароҷотҳои молиявӣ маълумот пешниҳод кард.

4 феврали соли равон дар толори бахши ҳифзи муҳити зист семинар дар мавзӯи “Асосҳои ба нақшагирии рушди маҳал ва интегратсияи масъалаҳои камбизоатӣ ба барномаҳои рушди шаҳрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” доир гардид.

Дар кори семинар намояндагони масъули МИҲД ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ аз шаҳрҳои Истиқлол, Чкалов ва Қайроққум иштирок намуданд. Ба нақшагирии стратегӣ, ҳамшарикии иҷтимоӣ, масоили камбизоатӣ ва монанди инҳо аз зумраи масъалаҳои баррасии семинар буд.

Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маорифи шаҳри Қайроққум бо ҳадафи ҷалби хонандагон ба донишомӯзӣ ва дарёфти истеъдодҳои нав хоҳишмандонро дар самтҳои зер даъват менамояд:

-омодасозии хонандагон ба озмун, Академияи хурди илмҳо ва ҳамаи намуди олимпиадаҳо аз фанҳои таълимӣ;

-тайёр кардани шавқмандон ба ҷодаи фарҳанг;

-тарбияи соҳибистеъдодҳо дар эҷоди шеъру тарона ва дигар ҷанрҳои рӯзноманигорӣ;

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:3614
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3451
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:10522
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:25299
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:14123
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:101163
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9311439

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?