Ҳамдиёрони азиз!
Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон дар Қасри Арбоб сохти конститутсиониро дар ҷумҳурӣ аз нав барқарор намуд. Ин иҷлосия ба саҳнаи сиёсӣ сиёсатмадори даврони нав, сарвари оқилу ҷасур ва дурандеш Эмомалӣ Раҳмонро овард ва ӯ Тоҷикистонро ва вартаи нобудшавӣ раҳонид.
24-уми ноябри соли 1992 Иҷлосияи ҶVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуд ва бо ҳамин кишвари мо соҳиби яке аз рамзҳои асосии давлати соҳибистиқлол гардид.






27 –уми ноябри соли равон, соати 14:00 дар Кохи Истиқлол барномаи консертии ҳофизони хушсалиқа, бародарон Ҳасанбой ва Ҳусейнбой Набиевҳо баргузор мегардад.
Дар толори шуъбаи маориф Пленуми V Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат доир гардид. Ҳашт масоили тарҳрезӣ гардида мавриди ҳаллу фасл қарор гирифт. Оид ба такмили фаъолияти Шӯро, беҳтар намудани тадбирҳои кӯмак ба ашхоси ниёзманд, иштироки муташаккилона дар чорабиниҳои сиёсию фарҳангии шаҳр, роҳандозии нақшаҳои мушаххас дар тарбияи насли ҷавон, тасдиқи нақшаи Шӯро барои соли 2016 ва амсоли инҳо аз зумраи масъалаҳои муҳокима гардида буданд.
Дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе Пленуми VI Кумитаи марказии «Тоҷикметалл» ва ҷаласаи кумиҷроияи иттифоқи касабаи «Союзметалл» баргузор гашт. 50 – солагии таъсисёбии Кумитаи иттифоқи касабаи КВД «Ширкати алюминийи тоҷик» низ таҷлил карда шуд.
Карате-до













