Дар арафаи иди Фитр ва ҷашни 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят панҷ нафар шахсони барӯманди шаҳрро аёдат карда, ба онҳо маблағҳо ва ёрии моддии Раиси вилояти Суғд ва шаҳрро супориданд.
Ҳамчунин, ба 1934 нафар пиросолону маъюбон, ятимон, собиқадорони ҷангу меҳнат, оилаҳои бесарпараст, табақаи ниёзм анди ҷомеа, оилаҳои маъюбдошта ба маблағи зиёда аз 251 ҳазор сомонӣ маводҳои хӯрокворӣ бо дастгирии корхонаву муассисаҳо, ташкилоту идораҳо ва соҳибкорону шахсони саховатпеша кумаки моддии яквақта расонида шуданд. Бо дастгири як нафар шахси саховатманд ба 326 оилаҳои ниёзманду саробонгумкарда ва маъюбу бемордошта ба маблағи беш аз 75 ҳазор сомонӣ кумаки молиявӣ ба як нафар як аробачаи маъюбӣ дастрас карда шуданд. Аз ҳисоби маблағҳои хайриявии ҷамъгардида ва фитри рӯза ба 28 нафар ятимони кулл 2700 сомонӣ, ба 54 нафар оилаҳои маъюбдошта 5400 ва ба 38 оилаи камбизоат 3800 сомонӣ кумаки моливӣ расонида шуд.






Дар майдони назди Хонаи маданияти «Дӯстӣ»-и шаҳраки Адрасмон тантанаҳои идона бахшида ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид.
Дар Кохи фарҳангии “Истиқлол” ҷамъомади ботантана бахшида ба ифтихори 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки намояндагони соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр, мақомоти қудратӣ, собиқадорони меҳнат, намояндагони ҳизбу ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҷавонон баргузор гардид.
Ҳамшаҳриёни азиз!














