Дар баробари соҳаҳои дигари иҷтимоӣ тандурустӣ низ ҳамеша дар мадди назари Ҳукумату давлат ва бевосита Сарвари кишвар буда, ба он аҳамияти хосса зоҳир карда мешавад. Тиб яке аз соҳаҳои муҳим ба шумор рафта, ба он диққати бештар намудан беш аз пеш афзудааст, зеро ин соҳаест, ки бевосита ба сиҳатии омма сарукор дошта, кормандони он ҳамаи кўшишу талошҳои хешро баҳри пешгирии мардум аз ҳаргуна бемориҳову ҷисман солим нигоҳ доштани кулли шаҳрвандон равона кардаанд.
Тандурустӣ ва масоили марбут ба он дар Паёми ироагардидаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди арзёбӣ қарор гирифт, ки ин гувоҳи соҳаи афзалиятнок будани он аст. Соҳаи тандурустӣ дар солҳои охир ташаккули бомаром намуда, ҳамасола барои бунёд, таҷдиду тармими иншооти соҳаи тиб ва харидорӣ намудани таҷҳизоти наву муосири табобатӣ маблағҳои калон равона мегардад.