Ҳамшаҳриёни гиромӣ!
Боиси шукргузорӣ ва саодатмандист, ки бо шарофати Истиқлоли давлатӣ, пайкори созандаву бунёдкорона ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми сарбаланди Тоҷикистон имсол низ зери фазои сулҳу озодӣ, ваҳдату ҳамдилӣ Иди саиди Фитрро ҷашн мегиранд.
Иди саиди Фитр таҷассумгари беҳтарин арзишҳои инсонӣ, файзу баракат, хайру эҳсон ва рӯҳияи инсонпарварона ба ҳисоб рафта, фарорасии ин иди саидро ба кулли сокинони шарафманди шаҳри Гулистон самимона табрик намуда, бароятон сиҳатмандиву саодати рӯзгор ва хайру баракат орзу менамоем.
Доир ба фазилати ин моҳ ва рӯзи Иди саиди Фитр Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфтаанд: «Рамазон, ки дорои арзишҳои маънавии бузург мебошад, барои мардуми мусулмон моҳи муқаддас ба шумор меравад. Ин моҳ инсонро ба сабру таҳаммул ва парҳезкорӣ даъват карда, дар табиати одамон меҳрубонӣ ва раҳму шафқатро нисбат ба якдигар бедор месозад ва онҳоро ғолиби нафсу ҳомии рӯҳ мегардонад. Мардуми мо дар арафа ва рӯзи иди мубораки Фитр ба зиёрати падару модарони худ, аёдати беморону азодорон мераванд, дар ҳаққи гузаштагон дуои хайр мекунанд, ба ятимону маъюбон ва дигар шахсони ниёзманд кумак мерасонанд».






Ҳамдиёрони арҷманд!
Шоми дирӯз дар Осоишгоҳи “Баҳористон”-и вилояти Суғд барномаи фарҳангии бошукӯҳ таҳти унвони “Шоми дӯстӣ” бо иштироки аҳли фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон доир гардид.
Имрӯз, 22.03.2025 иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода, муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, комиссари ҳарбии шаҳр Хайрулло Сатторозода ба қисми ҳарбӣ 07746-и Маркази таълимии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ташриф оварда сарбозону афсаронро ба муносибати Ҷашни Наврӯз муборакбод гуфтанд.
Имрӯз, 22.03.2025 дар майдони Парчами давлатӣ дар шаҳри Гулистон чорабинии тантанавии идона ба муносибаи таҷлили пуршукӯҳи Иди баййналмилалии Наврӯз баргузор карда шуд.













