Матни равон

Бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо сафари расмӣ ба вилояти Воронежи Федератсияи Русия ташриф овард.

Дар доираи сафар, рӯзи 30 май дар толори ҳукумати Воронеж мулоқоти расмии Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо Губернатори Воронеж Александр Гусев баргузор гардид. Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои байниминтақавиро дар самтҳои иқтисод, саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ, маориф ва фарҳанг мавриди баррасӣ қарор доданд.

Раиси вилояти Суғд зимни муаррифии имкониятҳои иқтисодию саноатии вилоят иброз дошт, ки дар партави сиёсати созандаи роҳбарияти олии мамлакат, бахусус дар доираи эълон гардидани Солҳои рушди саноат (2022–2026), соҳаи саноати вилояти Суғд рушд намуда, вилоят имрӯз ба яке аз марказҳои муҳими содиротии кишвар табдил ёфта, маҳсулоти корхонаҳои он ба Федератсияи Русия ва дигар давлатҳои хориҷӣ содирот мегардад.

Губернатори Воронеж Александр Гусев низ аз дастовардҳои минтақаи худ дар бахшҳои саноат ва кишоварзӣ ёдовар шуда, омодагии вилоятро ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои судманд бо вилояти Суғд таъкид намуд.

Дар доираи сафар, бо иштироки доираи васеи соҳибкорону намояндагони мақомоти давлатӣ, нишасти муштараки тиҷоратӣ баргузор гардида, дар он имкониятҳои иқтисодии вилояти Суғд муаррифӣ шуданд. Раиси вилоят аз ташкили корхонаҳои муштарак, бунёди марказҳои логистикӣ, афзоиши содироти маҳсулот ва рушди инфрасохтори сайёҳӣ ҳамчун самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ ёдовар шуд.

Дар ҷараёни ин сафар як қатор санадҳои ҳамкорӣ байни Минтақаи озоди иқтисодии вилояти "Суғд" ва Минтақаи озоди иқтисодии "Воронеж", инчунин Палатаҳои савдо ва саноати ду минтақа ба имзо расиданд. Созишномаҳои мазкур барои таъсиси корхонаҳои муштарак ва тақвияти муносибатҳои тиҷоративу сармоягузорӣ заминаи мусоид фароҳам хоҳанд овард.

Ҳамзамон, Раиси вилояти Суғд дар Форуми шаҳрсозии “Зодчество ВРН” ширкат варзида, перомуни масъалаҳои рушди инфрасохтори шаҳрҳо, сохтмони иншооти муосир ва таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи меъморӣ суханронӣ намуд.

Ҳайати расмии вилояти Суғд дар идомаи сафар аз як қатор корхонаҳои бузурги саноативу логистикии Воронеж, аз ҷумла шабакаи анборҳои “Пятёрочка”, корхонаи истеҳсоли нӯшокиҳои “Global Drinks”, корхонаи “Кобил-Груп” ва ширкати “Масленица” боздид ба амал оварданд. Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таъсиси корхонаҳои муштарак ва содироти маҳсулоти ватанӣ ба бозори Федератсияи Русия изҳор доштанд.

Зимни мулоқот бо роҳбарияти шабакаи “Пятёрочка” тавофуқ ба даст омад, ки гурӯҳи кории ин ширкат ба вилояти Суғд ташриф оварда, доир ба роҳандозии хариди маҳсулот мувофиқаҳо ҳосил намоянд. Ҳамчунин, бо дарназардошти таҷрибаи муваффақи ширкати “Масленица” дар самти истеҳсоли равғани растанӣ, масъалаи таъсиси корхонаи муштарак дар вилояти Суғд мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар охири сафар, дар толори маҷмааи таърихиву фарҳангии Столь-Фон Голштейнов вохӯрии ҷамъбастии соҳибкорони муваффақи ҳар ду минтақа баргузор гардид. Зимни он роҳбарони Суғду Воронеж аз таҷрибаҳои муваффақи ҳамкорӣ изҳори назар намуда, доир ба рушду тавсеаи ҳамкориҳои саноатӣ, дастгирии бахши хусусӣ ва пешниҳоди имтиёзҳо ба соҳибкорон табодули афкор карданд.

Сафари расмии ҳайати вилояти Суғд бо роҳбарии Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба вилояти Воронеж оғози марҳилаи нави ҳамкориҳои байниминтақавӣ миёни ду минтақаи дӯст ба шумор рафта, ба таҳкими робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, фарҳангиву башардӯстона ва густариши муносибатҳои анъанавии Тоҷикистону Русия такони ҷиддӣ мебахшад.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1640
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2487
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:10669
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:15826
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:12212
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:82840
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8688633

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?