Санаи 30.01.2025 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр доир гардид.
Комиссия таҳти раёсати муовини якуми Раиси шаҳр Даврон Муҳаммадзода доир гардид. Дар кори ҷаласа аъзои Комиссияи ҷамъиятӣ ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд. Тибқи рӯзномаи ҷаласа гузориши котиби Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Баҳодур Аҳмадҷонов доир ба ҳолати иҷрои Нақшаи чорабиниҳои идоравии амалисозии “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр шунида шуд.






Имрӯз, 30.01.2025 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баҳри иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми сентябри соли 2011 “Дар бораи гузаронидани нишасти матбуотии раисони мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо” ва дар асоси ҷадвали тасдиқшудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз 21-уми январи соли 2025 нишасти матбуотии Раиси шаҳри Гулистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар давоми соли 2025 баргузор гардид.
Санаи 29.01.2025 иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода аз ҷараёни фаъолияти истеҳсолии фабрикаи заршӯии Ҷамъияти муштараки "Апрелевка" ва ҶСК "Равшан" дар шаҳраки Консой дидан намуд.
Санаи 29.01.2025 иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода бо фаъолияти муассисаҳои соҳаи маориф дар Ҷамоати шаҳраки Консой шинос гардид.
Дар шаҳри Гулистон тадбирҳои марбут ба шинонидани ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва гулу буттаҳои ороишию мавсимӣ дар меҳвари фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қарор дорад.















