Баъди анҷоми мулоқоти хоссаи сарони давлатҳои Тоҷикистону Узбекистон, ки дар фазои дӯстию бародарӣ ҷараён гирифт, дар ҳамин ҷо маросими имзо ва мубодилаи санади муҳими таърихӣ — Протоколи мубодилаи Тасдиқномаҳои Аҳднома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ баргузор шуд.
Санади мазкур дар ҳузури сарони давлатҳо аз ҷониби вазирони корҳои хориҷии ду кишвар ба имзо расид.
Мақолаҳои боқимонда...
- Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард
- Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли панелҳои сохтмонии ҶДММ «Тоҷпанел»-ро ифтитоҳ намуданд
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бо 100 ятими кул аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мулоқот намуданд






31 март дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев баргузор гардид.
31 март Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев барои анҷом додани мулоқоту музокироти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон, иштирок дар ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва дигар чорабиниҳои муштарак ба шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ташриф оварданд.
Баъд аз анҷоми мулоқоти хоссаи сарони давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон маросими имзои санади таърихӣ — Протоколи мубодилаи Тасдиқномаҳои Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон, инчунин ду созишномаи байниҳукуматӣ – «Дар бораи таъмини дастрасӣ ба объектҳои хоҷагии об ва энергетикӣ» ва «Дар бораи сохтмон ва истифодабарии роҳҳои мошингард, ободонӣ ва истифодаи чорроҳаи мошингард» баргузор гардид.
31 март мулоқоти дуҷонибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, ки бо сафари корӣ ба шаҳри Хуҷанд ташриф оварданд, баргузор гардид.















