Санаи 05.02.2025 иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода аз ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон дидан намуд.
Бо мақсади сарсабзу хуррам намудани шаҳрак бо иштироки Илҳом Пӯлотзода 200 бех дарахтони ҳамешасабзи ороишӣ дар шафати роҳи даромадгоҳи шаҳрак шинонида шуд. Барои идомаи ин тадбирҳо ва ҳар чӣ бештар шинонидани дарахтони ороишӣ ба масъулини шаҳрак супориш дода шуд.
Дар идома иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода аз ҶСК “Комбинати фулузоти нодири Ленинобод” дидан намуд. Иттилоъ дода шуд, ки барои фаъолияти мунтазами корхона лоиҳаҳо барои сармоягузорӣ ба сармоягузорони хориҷӣ пешниҳод гардидааст ва дар ҳоли қабул гардидани лоиҳаҳо корхона ба фаъолияти истеҳсолӣ мепардозад.






Имрӯз, 05.02.2025 иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода бо фаъолияти беморхона ва маркази саломатии Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон аз наздик шинос гардид.
Имрӯз, 05.02.2025 дар толори КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон тибқи нақшаи муштараки мулоқоту вохӯриҳои гурӯҳҳои тарғиботӣ-ташвиқотии назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давулатии вилояти Суғд ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, ки аз ҷониби Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода аз 30-юми январи соли ҷорӣ тасдиқ гардидааст, ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 28 декабри соли 2024 бо иштироки кормандони гуногуни соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр вохӯрӣ доир мегардад.
Санаи 31.01.2025 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тибқи нақшаи кории бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр маҳфили навбатии “Шоҳномахонӣ” дар мавзуи “Нақши “Шоҳнома” дар баланд бардоштани ҳуввияти миллии ҷавонон” бо иштироки ҷавонон доир гардид.














