22 Май 2025
Санаи 21.05.2025 дар шаҳри Гулистон ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони "Ҷавонон пайравони Пешвои миллат” роҳпаймоӣ доир гардид.
Дар роҳпаймоӣ беш аз 3500 нафар ҷавонони коллеҷи тиббӣ, муассисаҳои таълимии маркази шаҳр, ҷамоати шаҳракҳои шаҳри Гулистон бо Парчам ва шиору овезаҳои "Мо ҷавонон пайравони Пешвои миллатем", "Мо ҷавонон қалби бедори Ватан", “Тоҷикистон ба пеш!", “Пешвои миллат ифтихори халқи тоҷик”, “Мо пайравони Пешвои миллатем”, “Поянда бод Тоҷикистон”, бо рӯҳияи болида иштирок намуданд.
Сипас, роҳпаймочиён дар чорабинии идона, ки дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон баргузор гардид иштирок намуданд.