Матни равон

Рушду оммавияти варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, таҳти таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар шароити мусоид барои рушди соҳа муҳайё гардидааст. Имрӯз варзишгарони тоҷик дар мусобиқаву чемпионатҳои сатҳи ҷаҳонӣ Парчами Тоҷикистони маҳбубро бо сарбаландӣ парафшон намуда, обрӯву эътибори миллатро дар арсаи байналмилалӣ баланд мебардоранд.

Аз 12 то 18 июни соли 2025 дар шаҳри Будапешти Ҷумҳурии Венгрия чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо баргузор мешавад. Бо мақсади омодагии ҳамаҷониба дидан ба ин чорабинии муҳими варзишӣ бо ташаббуси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз 22 май то 8 июн дар шаҳри Гулистон машқҳои дастаҷамъонаи тими мунтахаби ҷудочиёни кишвар ба роҳ монда шудааст.

Бо мақсади ошноӣ бо ҷараёни тамринҳои варзишгарон ва ҳавасмандсозии онҳо ба натиҷаҳои назаррас Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аз маркази таълимӣ боздид намуда, бо ҳайати дастаи мунтахаби ҷудои кишвар мулоқоти судманд анҷом дод.

Зимни суҳбат бо варзишгарону мураббиён Раиси вилоят иброз дошт, ки ба рушди ҷудо дар кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Танҳо дар панҷ моҳи аввали соли 2025 варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Гран Слам, 18 медал ба даст овардаанд, ки далели пешравии соҳа ва маҳорату омодагии баланди варзишгарони мост. Соли гузашта бошад, ҷудочиёни тоҷик 22 медалро аз мусобиқоти бонуфуз ба даст оварда буданд.

Раиси вилоят таъкид намуд, ки дар шаҳри Гулистон барои тамрин ва истироҳати варзишгарон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Ҷудочиёни кишвар на танҳо малакаи касбии худро сайқал медиҳанд, ҳамзамон ба барқарории нерӯи ҷисмонӣ ва рӯҳӣ машғул мешаванд.

Дар ҳайати тими мунтахаби ҷудои Тоҷикистон 50 варзишгар ва мураббӣ ҷалб гардида, машқу тамринҳоро таҳти роҳбарии мутахассисони пуртаҷриба анҷом медиҳанд. Тоҷикистон дар чемпионати ҷаҳон бо 9 варзишгари варзида ва ботаҷриба иштирок хоҳад кард, ки аксари онҳо иштирокчиён ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Бозиҳои олимпӣ мебошанд.

Раиси вилоят аз ҷудочиёни умедбахши кишвар даъват ба амал овард, ки аз имкониятҳои фароҳамшуда самаранок истифода баранд, омодагии ҷиддӣ бинанд ва дар чемпионати ҷаҳонӣ натиҷаҳои арзишманд ба даст оварда, Парчами Тоҷикистони азизро парафшон намоянд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:641
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2432
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:11594
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:12707
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:80151
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:85147
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8673732

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?