Матни равон

Имрӯз, 12.06.2025 дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр маросими ҷоизасупории ғолибони Олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ бо иштироки Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода баргузор гардид.

Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода дар оғоз ғолибонро бо дастоварди арзанда муборакбод намуда, онро самараи меҳнати хонандагон, омӯзгорон ва масъулини соҳа арзёбӣ намуд.

Зикр карда шуд, ки таҳти сиёсати хирадмандонаву маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳукумати кишвар ба соҳаи илму маориф таваҷҷуҳи хоса дорад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳисси ғамхорӣ ба соҳаи мазкур иброз доштанд, ки: “Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад. Сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат эътибор надодан ба сифати мактабу маориф, саҳлангорӣ кардан ба тарбияи кӯдак аз хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия мебошад. Яъне то вақте, ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯйинашаванда боқӣ хоҳанд монд”.

Таъкид гардид, ки дар соли хониши 2024-2025 хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Гулистон дар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ – соҳиби 8 медали биринҷӣ ва як медали нуқра, даври ҷумҳуриявии Олимпиадаи шоҳмот як ҷойи якум ва дар Олимпиадаи байналмилалии «Брейнингз» соҳиби 1 медали нуқра ва 3 медали биринҷӣ, дар Олимпиадаи байналмилалии «Ҳоризон-2025» аз фанни математика соҳиби 8 медали тилло, 17 медали нуқра ва 24 медали биринҷӣ ва дар Олимпиадаи байналмиллалии «Айкио-2025»-и Қазоқистон – аз фанни забони англисӣ ва математика соҳиби 5 медали тилло гардидаанд.

Сипас, дар вазъи тантанавӣ ба ҷоизасупории ғолибони Олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ диплом, медал ва туҳфаҳои хотравӣ супорида шуд.

Хонандагон ба Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода барои таваҷҷуҳ ва дастгирии соҳа арзи сипос намуда, баён доштанд, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил менамоянд.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1075
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2090
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:11575
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:14219
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:27337
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:82840
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8703758

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?