04 Июн 2025
Имрӯз, 04.05.2025 дар толори Муассисаи давлатии "Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Гулистон" Шурои ҳамоҳангсозии "Барномаи ташаккули тарзи ҳаёти солим" таҳти раёсати муовини Раиси шаҳр, сарапарасти соҳа Муслимахон Ҷамолиён баргузор гардид.
Дар кори Шуро муовини Раиси шаҳр, муовини Раиси Шуро Муслимахон Ҷамолиён ва аъзои Шуро - мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳр Матлуба Сатторова, мудири шуъбаи маорифи шаҳр Дилрабо Каримӣ ва сарвари Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар шаҳр Рафоат Кенҷаева иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зикр карда шуд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2021 таҳти № 566 «Дар бораи барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 - 2026» қабул гардид, дар асоси ин қарори Раиси вилоят санаи 31 январи соли 2022 таҳти №30 оиди татбиқи «Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» дар вилояти Суғд ва қарори Раиси шаҳри Гулистон аз санаи 14 феврали соли 2022 №61 “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” тасдиқ карда шуд. «Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» аз 17 банд иборат буда, дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор татбиқ гардида истодааст.
Баҳри амалӣ гардонидани барномаи мазкур дар шаҳр, Маркази шаҳрии ташаккули тарзи ҳаёти солим иборат аз 3,75 воҳиди корӣ фаъолияти худро идома дода истодааст.
Мақсади барномаи мазкур ба баланд бардоштани сатҳи маърифати санитари гигиении аҳоли, ташаккули муносибати нави шаҳрвандон ба саломати, ҳавасмангардонии тарзи ҳаёти солим, инчунин беҳбудии сифати зиндагӣ ва муҳити зисти одамон иборат аст.
Дар маркази саломатии шаҳр ва марказҳои саломатии ҷамоати шаҳракҳо бо аҳолӣ мунтазам доир ба тарзи ҳаёти солим корҳои фаҳмондадиҳӣ ва чорабиниҳои маърифатӣ баргузор гардида истодааст.
Дар фарҷом муовини Раиси шаҳр, муовини Раиси Шуро Муслимахон Ҷамолиён ба масъулини ҳамоҳангсози Шуро ҷиҳати тақвияти корҳо вазифаҳои мушаххас дод.