04 Июн 2025
Санаи 03.06.2025 Клуби футболи "Гулистон"-и шаҳри Гулистон дар доираи даври шашуми Лигаи дуюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол дар минтақаи Суғд бо КФ "Пахтакор"-и ноҳияи Ҷаббор Расулов дар сафар майдондорӣ намуда бо ҳисоби 0-3 пирӯзӣ ба даст овард. Ин ғалабаи чаҳоруми дастаи "Гулистон" дар мавсим мебошад ва даста бо 13 имтиёз мавқеи худро дар ҷадвали мусобиқот устувортар намуд.
Тубҳоро аз ҳайати даста Абдурашид Мирхолиқов як маротиба ва ҳамлагар Дилшод Бозоров ду маротиба равонаи дарвозаи ҳариф намуданд.
Пирӯзӣ муборак бод!