06 Июн 2025
Ҳамшаҳриёни гиромӣ!
Ба муносибати фарорасии Иди саиди Қурбон ҳамаи сокинон ва меҳмонони шаҳри Гулистонро самимона табрик гуфта, ба хонадонатон оромиву осоиш, рӯзгори обод ва файзу баракат орзу менамоям.
Иди Қурбон аз ҷумлаи арзишҳои муқаддаси суннатии мардуми мусулмони мо буда, одамонро ба корҳои хайру саховат ва амалҳои нек ҳидоят менамояд. Ин амалҳои хайр, дар навбати худ ба пойдории сулҳу суботи кишвар, оромиву осоиши ҷомеа ва таҳкими ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардуми мо мусоидат мерасонанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрикотии худ ба ин муносибаттаъкид намуданд, ки: Фарҳанги иди Қурбон таҷассумгари имону садоқат ба Худованд буда, маънӣ ва фалсафаи он ба қадри якдигар расидан, ба ҳамдигар муҳаббату дӯстӣ варзидан, аз ихтилофу парокандагӣ худдорӣ кардан, ба ҷо овардани эҳтироми калонсолон ва махсусан падару модарон, шукронаи умр ва неъматҳои зиндагӣ, аз ҷумла оромиву субот мебошад. Иди Қурбон, инчунин, айёми шод кардани қалби ятимону маъюбон ва камбизоатҳову эҳтиёҷмандон аст”.
Сокинони кишварамон, аз ҷумла гулистониён бо шукргузорӣ аз даврони Истиқлолият ва аз баракати сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ дар баробари заҳмати созандаву ободкориҳо ба анҷом додани амалҳои хайр эътибори бештар медиҳанд.
Тавассути сиёсати оқилона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ мо ба дастовардҳои калони меҳнатӣ ноил гашта, рӯҳияи созандагӣ ва бунёдкории мардум ҳамарӯза вусъат гирифта, боварии мардум ба фардои неку дурахшон қавӣ ва устувор мебошад.
Имрӯзҳо дар ҳудуди шаҳри мо корҳои бунёдкоронаву созандагӣ ба истиқболи 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ бомаром ҷараён доранд.
Вобаста ба ин, ҳар яки мо бояд бо арҷ гузоштан ба ин арзишҳо бо илму фарҳанг, ҷавонмардиву саховатмандӣ ва ахлоқи ҳамидаи худ намунаи ибрат бошем ва барои рушди ҷомеаи пешрафтаву солим саъю талош намоем. Дар ин раванд мо бояд тамоми қувваю қудрат ва маҳорати худро ба созандагию бунёдкорӣ, таҳкими Истиқлолияту давлатдории миллӣ равона намуда, насли наврасро дар рӯҳияи дӯстию бародарӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстӣ, омӯхтани илму фарҳанг ва хислатҳои наҷибу ҳамидаи инсонӣ тарбия кунем. Ин вазифаи ҳам ахлоқӣ, ҳам маънавӣ ва ҳам фарҳангии ҳар фарди ҷамъият мебошад.
Боварӣ дорам, ки мардуми меҳнатқарини шаҳрамон ва дар навбати аввал ҷавонони мо бо пайравӣ аз анъанаҳои неки ниёгонамон ҳарчи бештар ба омӯзиши илму маърифат ва аз худ кардани касбу ҳунар рӯ оварда, дар ободии имрӯзу ояндаи Ватани азизу маҳбубамон Тоҷикистон ва таҳкими мақому обрӯи он саҳми арзандаи худро мегузоранд. Ҳар кадоми мо вазифадорем, ки бо дилу нияти нек ва умеди қавӣ ба фардои осудаи халқу давлатамон дучанд заҳмат кашем.
Фарорасии Иди саиди Қурбонро бори дигар ба ҳамаи шумо табрик гуфта, бароятон хонаободиву сарбаландӣ, тандурустиву фарохдастӣ, саодати рӯзгор ва ба кишвари маҳбубамон – Тоҷикистон фазои ҳамешагии осоиштаро таманно менамоям.
Иди саиди Қурбон муборак, ҳамшаҳриёни азиз!