Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Зафаробод дар вазъияти тантанавӣ Боғи фарҳангию фароғатии ба номи устод Садриддин Айниро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Масоҳати умумии боғ якҷо бо майдони Нишони давлатӣ 7,5 гектарро ташкил медиҳад.
Дар маркази боғ муҷассамаи сардафтари адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ, ки аз тарафи ҳайкалтарош Рустам Маҷидов бунёд шудааст, ҷойгир мебошад.
Боғи мазкур аз ду даромадгоҳи асосӣ иборат буда, дар ҳудуди он фаввораҳои гуногун, зиёда аз 80 адад чароғи ранга, 5 суҳбаткада, 400 адад дарахти ороишӣ, як шаршараи сунъӣ, амфитеатри таҷдидшуда бо 400 ҷойи нишаст, бинои маъмурӣ барои коргарони боғ, даҳҳо адад курсиҳо, дӯконҳои фурӯши обҳои ташнагишикан ва дигар иншооти зарурӣ мавҷуданд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ Ҳодӣ Сулаймонпур мулоқот намуданд
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич бо зиёиёни вилояти Суғд мулоқот намуданд
- Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагиҳои деҳқонии «Ҷурабеки Яхтан» ва «Ҳоҷӣ Абдуворис»-и ноҳияи Деваштич боздид намуданд






Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Зафаробод дар вазъияти тантанавӣ Нишони давлатиро ифтитоҳ карданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд бинои Қасри фарҳангро баъд аз таҷдид мавриди истифода қарор доданд.
21 август дар шаҳри Гулистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими оғози мусобиқаи футбол байни дастаҳои наврасони вилояти Суғд барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» иштирок карданд.
Нимаи дуюми 21 август дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо ҷараёни корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ дар Осоишгоҳи «Баҳористон» шинос шуданд.













