Матни равон

12 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи ЮНЕСКО, воқеъ дар шаҳри Париж дар ҷаласаи 40-уми Конфронси Генералии ЮНЕСКО дар масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим иштирок ва суханронӣ карданд.

Чорабиниро бо сухани муқаддимавӣ Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Одрӣ Азуле ифтитоҳ намуданд.

Бо дарназардошти нақши назарраси Тоҷикистон дар пешбурди ташаббусҳои обии глобалӣ ва пайваста матраҳ намудани мавзӯи тағйирёбии иқлим дар чорабиниҳои байналмилалӣ, хосатан дар Созмони Милали Муттаҳид, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси роҳбари ташаббускор дар ҷаласаи “Тағйирёбии иқлим” бо пешниҳодҳои нав баромад карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба роҳбарияти ЮНЕСКО барои ташкили чунин як ҳамоиши сатҳи баланд оид ба баррасии масъалаҳои глобалии тағйирёбии иқлим изҳори сипос намуданд.

Таъкид гардид, ки тағйирёбии иқлим ва рафъи оқибатҳои он имрӯзҳо яке аз мушкилоти ҷиддии замони муосир ба ҳисоб меравад. Таъсири манфии ин мушкилоти глобалӣ ба миқдор ва сифати захираҳои оби тоза низ торафт аён мегардад.

Дар Тоҷикистон, ки дорои 13 ҳазор пирях мебошад, аз таъсири тағйирёбии иқлим ҳазор пирях нобуд гардидааст. Ин дар ҳолест, ки то шаст фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ташаккул меёбад.

“Тамоми кишварҳои минтақаи мо аз тағйирёбии даври гидрологӣ, ки метавонад боиси обхезиву хушксолиҳои шадид гардида, ба вазъи  обу энергетика ва озуқаворӣ таъсири манфӣ расонад, нигарон мебошанд”, таъкид карданд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Пешниҳод гардид, ки ЮНЕСКО дар баробари андешидани тадбирҳо дар якҷоягӣ бо дигар сохторҳои байналмилаливу минтақавӣ ба экспедитсияи пажӯҳишии пиряхҳо дар Осиёи Марказӣ мусоидат намояд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори имтинон карданд, ки ЮНЕСКО дар пешбурди масъалаҳои об, аз ҷумла тавассути мусоидат ба арзёбии фарогири миёнамуҳлати татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, ки дар соли 2023 ба нақша гирифта шудааст, сайъю кушишҳои хешро идома хоҳад дод.

Ҷониби Тоҷикистон дар доираи татбиқи ин Даҳсола тасмим гирифтааст, ки 18-20 июни соли 2020 дар шаҳри Душанбе Конфронси дуввуми Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”-ро баргузор намояд.

Тоҷикистон аз рӯи партовҳои қиёсии дуоксиди карбон (СО2) дар ҷаҳон  ҷойи 135-умро ишғол менамояд.

Сарвари давлат таъкид доштанд, ки дар нигоҳ доштани сатҳи пасттарини партовҳои зараровар ба атмосфера ба мо дар бисёр маврид истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, бахусус гидроэнергетика, ки яке аз манбаъҳои асосии тавлиди энергияи “сабз” ба ҳисоб меравад, мусоидати ҷиддӣ менамояд.

Дар неругоҳҳои барқи обӣ, ки асоси бахши энергетикии кишварро ташкил медиҳанд, 98 фоизи қувваи барқи мо истеҳсол мешавад. Аз рӯи ин нишондиҳанда Тоҷикистон дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои аввалро ишғол мекунад.

Дар охири суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти масъалаҳои дар ҷаласа баррасӣшуда, ҷиҳати дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти вобаста ба тағйирёбии иқлим якчанд пешниҳоди асоснокро манзур карданд:

Истифодаи васеи манбаъҳои энергияи таҷдидшаванда, ки заминаи мусоидро барои рушди иқтисоди  “сабз” мегузорад, дастгирии ҳамаҷониба ёбад; Кишварҳои мададрасон ва сохторҳои байналмилалию минтақавии молиявӣ ба татбиқи амалии стратегияву барномаҳои миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим мусоидати ҳамаҷониба намоянд; Мониторинги мунтазами манбаъҳои пайдошавии захираҳои об, бахусус пиряхҳо, пурзӯр карда шавад; Ба ҳамкории байналмилалӣ дар масъалаҳои ҳифзи манбаъҳои обӣ таҳким бахшида шавад. Бо ин мақсад пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи таъсис додани Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо мавриди амал қарор гирад; Мушкилоти таъсири тағйирёбии иқлим ба ҳолати захираҳои обӣ ва роҳҳои пешгирии натиҷаҳои манфии он ба рӯзномаи чорабиниҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳамчун масъалаи муҳими рӯз шомил карда шавад ва Кишварҳои мутараққӣ ва созмонҳои байналмилалӣ барои мониторинг ва ҳифзи пиряхҳо ва дигар манбаъҳои захираҳои обӣ ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва камтараққӣ кумакҳои молиявӣ ва техникии ҳамаҷониба расонанд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:345
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2870
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:3215
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:24596
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:63917
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90276
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7603762

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?