Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Деваштич муҷассамаи Деваштичро ифтитоҳ намуданд.
Муҷассамаи Деваштич дар яке аз мавзеъҳои зебои ноҳия, дар боғи навбунёд, паҳлуи Парчами давлатӣ бунёд шудааст.
Баландии муҷассама бо пояаш 12 метр буда, он аз тарафи ҳайкалтарош Рустам Маҷидов сохта шудааст.
Баъди ифтитоҳи муҷассама Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтиром дар пояи муҷассамаи Деваштич гулчанбар гузоштанд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич 17 километр роҳи мошингардро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
- Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Роғи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Маркази хизматрасониро мавриди истифода қарор доданд
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва сокинони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ мулоқот намуданд






Дар маркази ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Нозироти андозро, ки бо тарҳу лоиҳаи замонавӣ бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи омодагиҳои ҳамаҷониба ба ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2019-2021 -Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳияи Деваштич дар вазъияти тантанавӣ бо иштироки сокинони деҳаҳои Яхтан, Бахт, Хӯҷатоҳир ва кормандони соҳаи тандурустӣ Маркази саломатии деҳоти Яхтанро мавриди истифода қарор доданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Яхтани ноҳияи Деваштич бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 17 — ро баъди навсозии куллӣ ва муҷаҳҳазгардонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Деҳоти Яхтан Муассисаи таҳсилоти томактабии “Дӯсти”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.













