Матни равон

Имрӯз ҳангоме, ки мардум дар фазои мусбии тағйирёфтаи сулҳу субот ва оромию таъмини амнияти мардум ҳаёт ба сар мебаранд, мебояд, ки ҳамагон риояи қонунҳои давлатро қатъиян риоя намоянд. Аммо мутаассифона, чунин шароитҳои хуби фазои маънавиро аъзои мамнӯъгаштаи Ҳизби наҳзати исломи нодида мегиранд.

Онҳо берун аз кишвар дар манотиқи гуногун бо дастгирии молиявии хоҷагони худ бо ҳар роҳу васила дар фаъолияти худ кӯшиш доранд мардумро ба масири ғафлат ва гумроҳӣ андозанд. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин таъкид шудааст: «Мутаассифона, дар олами ислом равияҳое низ арзи вуҷуд кардаанд, ки баъзе амалҳояшон ба фитнакориву тафриқаандозӣ равона гардидаанд. Ин ба моҳияти дини мубини ислом мухолиф аст ва ба он иснод меорад». Дар давоми солҳои истиқлолияти кишвар гуногунандешӣ ва таҳаммулпазирӣ таҳкурсии ғоявии ҳамзистии эътиқоди динии шаҳрвандони кишвар гардид. Сиёсати давлат бар зидди дину озодиҳои шаҳрвандӣ нигаронида нашуда, баръакс ба ҳимоя нигаҳдории фарҳанги миллӣ ва дин ба ҳайси як рукни муҳими сиёсати фарҳангӣ ва иҷтимоӣ нигаронида шуд.

Барои мусалмонони кишвар, ки аксарияти мутлақи сокинони ҷумҳурии моро ташкил медиҳанд, тамоми шароитҳои мусоид фароҳам оварда шуд, то ниёзҳои эътиқодии худро ба таври озод амалӣ созанд. Дар натиҷаи тағйири муносибати давлат ба дин ва созмонҳои динӣ, ташаккул ёфтани вазъи нави динии ҷумҳурӣ сатҳи диндории мардум якбора боло рафт. Хулоса, замон ба марҳилаи наву ҳассос ва таърихию сарнавиштсоз ворид шуда ва акнун метавон гуфт, ки башарият ба вартаи хатарноку даҳшатборе омада расидааст. Гӯё ҳама ва дар чор гӯшаи олам роҳи берунрафт аз ин бунбастро меҷӯяд, аммо вазъ печидатар шудан дораду роҳи раҳоӣ аз бӯҳрон то ҳанӯз пайдо нест. Фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва террористӣ, шомил гардидани шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба ин гуна равияҳои носолим ва таблиғи ақидаҳои ин зуҳурот, инчунин, сафарбар гардидани шаҳрвандон ба марказу неруҳои экстремистиву террористӣ, ҳамчун падидаҳои халалдоркунандаи амнияти ва осоиштагии ҷомеъа ҳисоб меёбанд, ки набояд аҳли ҷомеаи солими кишварро бетараф монад. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ   даъват ба амал оварда, таъкид менамояд: “Бояд тадбирҳое андешем, ки дар қатори кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тамоми қувваҳои солими ҷомеа ва ҳар як фарди ватандӯсту соҳибмаърифат ба муқобили ин зуҳуроти хатарнок сафарбар гарданд”. Ин гуфтаҳои Сарвари давлат мову шуморо ҳушёр ва водор месозад, ки ҳисси ватандӯстиро аз даст надода, ба  воқеаҳои рухдодаистода дар кишварҳои Осиёи наздик эътибори ҷиддӣ  зоҳир намоем, нагузорем, ки чунин падидаҳо  ҳаёти ҷомеаи моро халалдор созанд. Мо бояд неруи созандагӣ, фаъолияти худро баҳри ҳифз ва таҳкими осоиштагии Ватани маҳбубамон равона созем. Ба эшони ҳарзагӯй гуфтанием:

Аз сулҳ нагӯед дигар ҷониби ҷангед,

Паймони шумо зоеъаи қоғазу ранг аст.

Ҳам матлабу ҳам мазҳабатон курсиву чоҳ аст,

Бандед даханҳо ба худо мояи нанг аст.

Камолиддин ШЕРМАТОВ,
устоди МҒД «Коллеҷи тиббӣ»-и шаҳри Гулистон

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:3511
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3186
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:15691
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:15476
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:49290
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7691210

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?