Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти расмии Маркази савдои «Давлатҷон», ки аз тарафи соҳибкори ватанӣ Хайрулло Давлатов дар доираи эълони солҳои 2019 — 2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» сохта шудааст, оғози расмӣ бахшиданд.
Тибқи иттилоъ, корҳои сохтмонӣ дар ин маркази тиҷоратӣ соли 2017 оғоз шуда, дар рафти бунёди иншоот зиёда аз 10 нафар сокини ноҳия ба кор ҷалб гардида буданд.
Бино аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, ошёнаи якум барои мағозаи фурӯши молҳои ниёзи мардум ва ошёнаи дуюм ҳамчун маркази ҷавонон барои баргузории тӯю маъракаҳо пешбинӣ шудаанд.