Дар толори Кохи варзишии”Истиқлол”-и шаҳри Гулистон мусобиқаи шаҳрӣ оид ба волейбол байни 8 дастаи мунтахаб аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №1, 14 ва гимназияи маркази шаҳр, № 2-и ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон, №3-и ҷамоати шаҳраки Консой, дастаҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №4, 7 ва 12-и ҷамоати шаҳраки Адрасмон баргузор гардид.
Ҷараёни мусобиқаи шаҳрӣ байни дастаҳо хеле тезутунд ва шавқовар бо дастгирии мухлисони ин намуди варзиш сурат гирифт. Дар рафти мусобиқаи шаҳрӣ оид ба волейбол ҳамаи дастаҳои иштирокдошта барои ба даст овардани натиҷаи баланд кӯшиш ба Волейболбозони дастаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-и ҷамоати шаҳраки Адрасмон, деҳаи Гулдара бо нишон додани маҳорати баланд сазовори ҷойи аввал гардиданд. Ҷои дуюм насиби дастаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и ҷамоати шаҳраки Консой ва ба ҷои 3-юм хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и маркази шаҳр соҳиб гардиданд. Ба ғолибони мусобиқа ва бозингарони беҳтарин туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон дар вазъи тантанавӣ супорида шуд.






Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граҷдании вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон дар байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр озмуни беҳтарин дарсҳои кушодро дар мавзӯи «Ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граҷданӣ, инчунин рафтор намудани хонандагон дар ҳолатҳои фавқулода» ташкил ва гузаронид.
Дар майдончаи сунъии соҳили обанбори “Баҳри тоҷик” чемпионати шаҳр оид ба футболи хурд дар давоми 10 рӯз мусобиқаи шаҳрӣ дар байни 11 дастаҳои корхонаву ташкилот ва идораву муассисаҳои шаҳри Гулистон гузаронида шуд. Дар мусобиқа тимҳои яккачини МИҲД, ШВКД, ЭКГҚ, МТ Бонки миллӣ, МНДЭС, “Аветсина”, “Ситора”, прокуратура, ҷамоати шаҳракҳои Адрасмон ва Чоруқдаррон, идораи обу корезӣ ширкат варзиданд.
Рӯзҳои истироҳат беш аз 150 нафар кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон идораву ташкилотҳо, муассисаҳои соҳаи маориф, тандурустӣ барои ёрӣ расонидан ба деҳқон ба ҳашари пахтачинӣ баромаданд.














