Матни равон

Идомаи кори Конфренсияи XXIII Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон дар толори Шабакаҳои барқи Суғд ба вуқӯъ пайваст. Дар кори Конфренсия намояндаи кумиҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Анвар Ҷалилов ва раиси комиссияи шаҳрии интихобот Лоҳур Назришозода ширкат варзиданд.

Муслимахон Ҷамолиён, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон кори Конфренсияро оғоз бахшида иброз дошт, ки тибқи талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» номзадҳои ҳизб ба вакилии Маҷлиси вакилони  халқи вилояти Суғд ва шаҳри Гулистон пешбарӣ гардидаанд. Мутобиқи муқарарроти қонуни мазкур ҳизбҳои сиёсӣ  50 рӯз пеш аз интихобот метавонанд номзадҳои худро ба вакилии маҷлисҳои маҳаллӣ пешбарӣ намоянд. Мавсуф дар идомаи суханроинаш аз дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди пешбарии вакилон аз ҳисоби занону ҷавонони фаъол тазаккур дода, зикр дошт, ки бо дарназардошти дониш, малака, маҳорати ташкилочигӣ ва мавқеъ доштан дар ҷомеа 2 нафар номзад  ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ва 35 нафар номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр пешниҳод карда мешаванд.

Аз ҷониби Каромат Қосимова ва Шаҳло Мирзоахмедова номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд пешниҳод ва муаррифӣ гардиданд. Инчунин Муслимахон Ҷамолиён номзадҳоро ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон пешниҳод намуд.

Бо овоздиҳии кушод Фирдавс Шарифзода Раиси шаҳри Гулистон аз ҳавзаи интихоботии “Қайроққум” №15, Бахтиёр Маҷидов директори генералии КМ “Апрелевка”, аз ҳавзаи интихоботии “Адрасмон” №16 ба сифати номзадҳо вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд пешбарӣ гардиданд. Ҳамзамон, 35 нафар номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон пешбарӣ гардиданд.

Номзадҳо ба вакилӣ Бибимавҷигул Собирова ва Баҳодур Сайдуллоӣ барои эътимод ва боварӣ ба ҳизби пешоҳанги ҷомеа изҳори минннатдорӣ намуда, зикр доштанд, ки баҳри дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои олии ҳизб ҷидду ҷаҳд хоҳанд кард.

Номзадҳои пешниҳодгардида аз тарафи вакилони конфренсия якдилона пазируфта шудаанд ва доир ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфренсияи XXIII ҲХДТ дар шаҳри Гулистон ба кори худ анҷом бахшид.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Гулистон

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:891
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2331
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:9885
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:15476
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:43484
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7685404

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?