Матни равон

Дар Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и шаҳри Гулистон тибқи нақшаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр семинар-машаварати омӯзишӣ баргузор гардид.

Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода семинар-машваратро бо суханони муқаддимавӣ ифтитоҳ бахшид. Зикр гардид, ки тибқи нақшаи чорабиниҳои тоинтихоботӣ – семинарҳо бо ин мақсад доир мегарданд. Ҷиҳати иҷрои протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми феврали соли 2019, №2, мактуби Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми марти соли 2019, №64 ва доир ба омодагиҳо барои интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳо дар шаҳри Гулистон як қатор корҳо ба анҷом расонида шудаанд.

Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон машварати корӣ бо иштироки масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони корхонаҳои саноатӣ, нозироти андоз, раёсати молияи шаҳр, бахши хусусӣ, раисони ҷамоати шаҳракҳо ва дигар шахсони масъули соҳаи иқтисодиёт ва саноат доир гардид.

Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода машваратро ифтитоҳ намуд. Муовини якуми Раиси шаҳри Гулистон Нуринисо Комилзода доир ба вазъи соҳаи иқтисодиёт ва шаҳри Гулистон дар давоми нуҳ моҳи соли 2019 гузориши муфассал манзур кард.

Муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ соҳаи иқтисодиёт ва саноати шаҳрро таҷзия намуда, аз сарварони корхонаву муассисаҳои дахлдор пурсиш ба амал оварда, бобати таҳким бахшидани фаъолият дар самти саноатикунонии босуръати шаҳр, дастгирии бахши хусусӣ, ҷалби сармояи мустақим, таъмини саривақтии сифатноки нақшаи воридоти андозҳо ба буҷет, инчунин суръат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дар майдони назди Хонаи маданияти шаҳраки Чоруқдаррон байни наврасону ҷавонон мусобиқа оид ба шоҳмот доир гардид. Дар он беш аз 30 нафар шоҳмотбозони наврасу ҷавон фаъолона иштирок намуданд.

Дар ҷамъбасти ниҳоии мусобиқа ҷойи якум насиби Мухбира Абдуалиева, ҷойи дуюм Абдуқодир Элибоев ва ҷойи сеюмро Султоншейх Султонов соҳиб шуданд. Аъзои ҳакамон инчунин ба маҳорати баланди шоҳмотбозии Имриддин Имориддинов ва Қушназар Гулмуродов баҳои баланд доданд. Дар ҷамъбаст ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъол туҳфаҳо супорида шуд.

Дар толори бахши муҳити зисти шаҳри Гулистон маҳфили бонувон таҳти унвони “Нақши зан дар ҷомеа” бо иштироки фаъолзанони маркази шаҳр баргузор гардид. Муовини раиси Шӯрои шаҳрии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Санавбар Нуриллоева маҳфилро бо сухани ифтитоҳӣ оғоз бахшид.

Аъзои Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мавҷуда Мирпочоева ва Дилором Ҷабборова доир вазъи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, нақши зан дар ҷомеа, зан ва сиёсат, оиладорӣ суханронӣ намуданд. Ҳамчунин дар маҳфил раиси Шӯрои собиқадорони меҳнати шаҳри Гулистон Каромат Қосимова, раиси кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ Муслимахон Ҷамолиён ва корманди гимназияи шаҳр Гулбаҳор Сатторова доир ба мақом ва нақши зан мубодилаи афкор намуданд.

Дар шаҳри Гулистон рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ дар мавзӯи «Конститутсия-бахтномаи миллат» тибқи нақшаи тасдиқгардида дар 43 корхонаву муассиса, идораву ташкилотҳои маркази шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳо бо намояндагони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва иштироки васеи ҷомеаҳои меҳнатӣ хониши сиёсӣ муташаккилона ба роҳ монда шуд.

Дар баргузории хониши сиёсӣ тарғиботчиёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд устодони ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров номзади илмҳои филология Нуралӣ Нурзод, номзади илмҳои филология Уғулой Умаралиева ва номзади илмҳои таърих Нозирхон Икромов якҷоя бо тарғиботчиёни маҳаллӣ ва кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар муассисаву ташкилот, корхонаву идораҳои маркази шаҳр доир ба мавзӯи рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ баромадҳо карданд. Дар шаҳракҳо бошад хониши сиёсӣ бо иштироки тарғиботчиёни маҳаллӣ ба роҳ монда шуд.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:165
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2133
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:165
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:11625
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:15153
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:24042
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9400922

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?