4 октябр дар Кохи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳли толор, мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ, ки аз соли 2009 ба ин сӯ 5 октябр таҷлил мегардад, табрику таҳният гуфта, забони давлатиро арзиши волои миллӣ ва рушди онро вазифаи муҳими тамоми сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ номиданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нақши таърихии бисёрасраи забони тоҷикӣ чун забони расмии давлатӣ ва муоширати миёни қавмҳои гуногун ёдовар шуда, таъкид карданд, ки «забони модарии мо — забони ширину шево ва шоиронаи тоҷикӣ, ки донишу маърифати дар тӯли ҳазорсолаҳо андӯхтаи мардумро дар худ нигоҳ доштааст, гӯётарин далели ҳастӣ ва мақоми ҳаётбахши он дар сарнавишти таърихии миллати мо ба ҳисоб меравад. Яъне миллати шарафманди тоҷик таъриху фарҳанги камназири худро бо ҳамин забон иншо ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст».






Субҳи имрӯз деҳқони ботаҷриба ва ангурпарвари шинохтаи кишвар Камол Мадумаров дар синни 80 солагӣ аз олам даргузашт.
Дар ҷамоати шаҳраки Консой маросими ботантанаи гусели ҷавонписарони шуҷоатманд ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ баргузор гардид.
Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
Ҳамасола рӯзи 1-уми октябр дар кишвар Рӯзи пиронсолон ҷашн гирифта шуда, ин қишри табарруки аҳолӣ, ки таҷрибаи бою тӯлонии зиндагӣ ва фаъолияти меҳнатӣ доранд аз тарафи масъулин аёдат карда мешаванд. Дар даврони соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ ин табақаи аҳолӣ ба ғамхориҳои давлату ҳукумат фаро гирифта мешаванд.














