Ба ифтихори Рӯзи Рӯдакӣ дар толори бахши фарҳанги шаҳр чорабинии пуршукӯҳ бо иштироки қаламкашони шаҳри соҳили “Баҳри тоҷик”, китобдорон, омӯзгорон ва мактабиён ба вуқӯъ пайваст.
Дар ибтидо мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Мадализода табрикоти Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзодаро манзури ҷамъомадагон кард. Сипас раиси кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ Муслимахон Ҷамолиён ҳамагонро бо Рӯзи Рӯдакӣ шодбош намуд. Сипас омӯзгори муассисаи таълимии № 14 Исмоилҷон Саидов доир ба осори гаронмояи устод Рӯдакӣ суханронӣ кард. Шоира, сармуҳаррири рӯзномаи шаҳрии “Соҳил” Лутфия Неъматзода дар бораи мақом ва манзалати устод Рӯдакӣ ва шуҳрати ҷаҳонии Одамушшуаро ҳарф зад.








Дар Кохи фарҳангии “Истиқлол” бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, рушди саноати сабук, арҷгузорӣ ба фарҳанги либос ва ҳунари волои халқи тоҷик дар дӯхти либосҳои миллӣ, тақвияту густариш бахшидан ба истеҳсолу истифодаи анвои гуногуни либосу матоъҳои миллӣ ва муосири кӯдакону наврасон, духтарону ҷавонон, бахшида ба «Солҳои 2019-2021- Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ"фестивали шаҳрии “Ҷилваи рангҳо” баргузор гардид.














