Терроризм амали нангинест, ки ҷомеаи ҷаҳониро сахт ба ташвиш овардааст. Ҳамасола ҳазорон нафар одамони бегуноҳ аз амали террористон ҷонҳои азизи худро аз даст медиҳанд. Террористон ба ягон миллату дину мазҳаб мансуб набуда, онҳо амалҳоеро пиёда мекунанд, ки иборат аз куштору сӯхтор, инфиҷор ва даҳшатфиканист. Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид бо сароҳат хотирнишон кардааст, ки дар ҳашт соли охир аз амалҳои террористӣ наздики чорсад ҳазор одам ҳалок ва беш аз як миллион одам ҷароҳат бардоштаанд.
Шинос намудани насли наврас бо симои террористон ва мафҳуми «террор» вазифаи мактабу ҷомеа мансуб меёбад. Шогирдон бояд донанд, ки террористон душманони ҳақиқии сулҳу озодӣ ва ваҳдати миллатҳои дунёанд. Амалҳое, ки онҳо иҷро мекунанд аз доираи ахлоқу одоби инсонӣ берун буда, ҷомеаи ҷаҳонӣ онро маҳкум менамояд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Сафари кории Раиси Раёсати умумии амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 65-ро дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуданд
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли ҷӯробҳои ҶДММ «Ваҳдат» дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе оғози расмӣ бахшиданд






20 январ дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.














