Матни равон

Филми ҳуҷҷатии «Хиёнат», ки дар шабакаҳои марказии телевизионӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ пахш гардид, дар бораи кирдору рафторҳои хоинони миллат, махсусан роҳбарият ва аъзои ташкилоти террористию экстремистии дар Тоҷикистон мамнӯи Ҳизби наҳзати исломӣ  (ТТЭ ҲНИ) маълумоти хеле возеҳ ва равшан медиҳад. Бояд гуфт, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба манфиатҳои шахсию гурӯҳӣ, бо дастгирии хоҷагони хориҷии хеш, бар зидди давлату миллати тоҷик наҳзатиён амалҳои манфури хешро пиёда кардаанд ва алҳол аз хориҷи кишвар истода бо фармоиши хоҷагонашон ба зиндагии осоиштаи мо бо ҳар гуна дасисаю ҳангома ва бозиҳои сиёсии фармоишиашон халал ворид карданӣ ҳастанд.

Таърих гувоҳ аст, ки ҳамаи нобасомонӣ ва фоҷиаҳоро барои мардуми тоҷик дар солҳои навадуми садаи гузашта Ҳизби наҳзати исломӣ оварда буд. Ҳизбе, ки на танҳо аксарияти мардуми кишвар, балки дар дунё ягон давлати абарқудрат барои ба сари қудрат омаданаш имконият намедод, мехост зимоми давлатдориро ба даст гирифта, ҷумҳуриро исломӣ эълон намояд. Барои амалӣ шудани ҳадафҳои нопоки худ ин ҳизб тавонист як зумра зиёиёнеро, ки худро демократ мегуфтанд, бо худ ҳамроҳ сохтанд. Ин демократҳо намедонистанд, ки агар худое накарда ҳизби наҳзат ба сари қудрат ояд, пеш аз ҳама худи онҳоро аз миён мебардорад. Ин таҷриба дар аксари кишварҳои исломӣ амалӣ шудаанд. Яъне, як тӯдаи ҷоҳили бо ришу сала, бо чашмони хунгирифта мусаллаҳ гардида, ба сари ҳаммиллатони худ, ки аз ҳукумати конститутсионӣ ва дунявияти давлат ҳарф мезаданд, тирборон рехтанд.

Фирори филҳоли намояндагони дигар миллату халқият аз марзи ҷумҳурӣ - мутахассисони соҳибтаҷриба низ кори ҳамон майдонбозони хунхоҳ, ки паси пардаи ислому “демократия” худороӣ мекарданд, аз дасти онҳо буд. Террори даҳҳо нобиғагони миллат, таҳқири зиёиён низ маҳсули кори ин ҳизби ифротгаро буд.

Имрӯз акнун аз Аврупои найрангбоз истода саркардагони ин ҳизби касофатпешаи ватанбезор санги маломат ба унвони Тоҷикистони соҳибистиқлол мезанад. Бехабар аз он ки алъон мардум ҳаёти осоишта дошта ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ машғул ҳастанд. Яъне авзои сиёсии ҷумҳуриро халалдор карда, боз обро лой карда моҳӣ медоранд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаҳои махсуси туҳмату буҳтон ва ҳисси бадбинии Истиқлолияти давлати тоҷиконро тавсеа медиҳанд. Мехоҳанд чанд ҷавони гӯлу гумроҳ ва соддаро бовар кунонданӣ ҳастанд, ки дар Тоҷикистон мардум рӯзи сахт дорад. Нотавонбинон аслан чунин сират доранд. Чун худ корҳои нек карда наметавонанд ва ба корҳои хайр низ дигаронро даъват карда наметавонанд, пас роҳи осонтарин ғайбату хусумат ва бухсу кинаварзӣ аст, ки он пешаи кабириён барин махлуқҳои пастзод аст, интихоб кардаанд.

Филми мустанади “Хиёнат” бори дигар шаҳодат медиҳад, ки наҳзатиён чи нақшаҳо доранд ва ба сари миллат чи рӯзҳоро оварданӣ буданд.

Агар мо мавқеи устувор дошта бошем, агар мо Ватанамонро ҳақиқатан дӯст дорем, агар мо миллати худро, озодии онро ва мақоми онро ҳифз карданӣ бошем, пас бояд садо баланд кунем. Садо баланд кунем алайҳи ин нобакорон, ки аз дасташон фақат дарахти баднамои фитнаву туҳмат мерӯяд. Бетараф будан дар ин раванд, баробари дастгирии чунин касофатпешагон мебошад.

Илҳом Мадализода,
мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Гулистон

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1964
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2331
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:10958
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:15476
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:44557
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7686477

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?