27 сентябр дар шаҳри Душанбе Маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб ва кумитаҳои иҷроияи вилоят ва шаҳру ноҳияҳои кишвар дар нуҳ моҳи соли 2019 мавриди баррасӣ қарор гирифта, масъалаҳои дохилиҳизбӣ, аз ҷумла даъвати Анҷумани навбатии ҳизб ва корҳои омодагӣ ба он ҳал шуданд.
Маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро Раиси ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ намуда, рӯзномаи маҷлис “Дар бораи ҷараёни корҳои ташкилию омодагӣ ба маъракаҳои сиёсии интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва баргузор намудани конференсияҳои ҳисоботӣ — интихоботии ташкилотҳои ҳизбӣ”-ро ба муҳокима гузоштанд.