Боиси ифтихор ва шукргузории мо тоҷикистониён аст, ки кишвари мо рӯз то рӯз дар арсаи байналмилалӣ обрӯю нуфуз пайдо карда истодааст. Бо ибтикор ва иқдомҳои шоистаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба давлате, табдил ёфта истодааст, ки дар тамоми соҳаҳои ҳаёт намунаи ибрат барои соири кишварҳои дигар гаштааст.
Таҷрибаи сулҳи деринтизори тоҷикон намунаи олии ин гуфтаҳост. Ҷойи аз ин гуфтаҳо изҳори сипосу шодмонӣ намудан, баъзе аз афроди кӯрнамак, ки худро «ҳомиёни миллат» нишон медиҳанд, беҳудаву беасос сӯйи Ватану ҳамватанони худ санги маломат мезананд. Онҳо дар зери сояи хоҷагони худ дур аз Ватан истода, номи Тоҷикистонро сиёҳ карданӣ мешаванд. Онҳо дигар роҳе надоранд, зеро имрӯз Аврупо Тоҷикистонро чун кишвари озоду обод ва амну субот шинохтааст. Онҳо дигар имкони он ҷо мондан надоранд, чунки Аврупо низ онҳоро шинохт. Ман бо боварии комил гуфта метавонам, ки ин гуна ашхос ҳеҷ гоҳ дар ёди Ватан набуданду нестанд. Танҳо барои манфиатҳои хусусию шахсӣ сайъю кушиш намуда истодаанд, зеро тамоми Тоҷикистон аз амалу ният ва найрангу дасисабозиҳои Шумоён он ҷо огоҳ шудаанд.






Роҷеъ ба натиҷагирии фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳри Гулистон дар давоми соли 2019 таҳти раёсати Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода ҷаласаи фаъолони шаҳр бо иштироки муовини якум, муовин ва роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, мудирони шуъбаҳо ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони корхона, ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоати шаҳракҳо, намояндагони соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва дигар фаъолон баргузор гашт.
Дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мулоқот бо гурӯҳи ташвиқотӣ оид ба тарғиби муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми декабри соли 2019 таҳти раёсати Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода бо иштироки фаъолон, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, худидоракунии маҳаллӣ, мақомоти қудратӣ, собиқадорони меҳнат, сарварони муассисаҳои маорифу тандурустӣ ва фарҳанг, намояндагони ҷомеаи меҳнатии корхонаҳои саноатӣ, бонувону ҷавонони шаҳр баргузор гардид.
3 январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагидорон ба шаҳри Турсунзода ташриф оварданд.
















