Дар рӯзи дуюми сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Далёни болои ноҳияи Деваштич аз Хоҷагии деҳқонии «Шердил» боздид намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз намоиши маҳсулоти кишоварзии аҳли заҳмати ин хоҷагӣ дидан карданд.
Дар намоишгоҳ анвои беҳтарини меваю сабзавот ва полезиҳо ба Пешвои миллат муаррифӣ гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагӣ дар ихтиёри худ 17,5 гектар замин дошта, 9 гектари он замини корам, 3 гектар чарогоҳ, 5,5 гектар боғ, аз ҷумла 4 гектар боғи мевадиҳандаи себ, шафтолу, гелос, олуча ва нок мубошад.
Аз сабаби он ки иқлими мавзеи Далёни боло нисбатан сард аст, то имрӯз дар ин ҷо кишти пиёз ба роҳ монда намешуд. Аммо имсол аҳли заҳмат барои таҷриба бори аввал дар масоҳати 1,5 гектар кишти пиёзи навъи «Бангкок»-ро ба роҳ монда, ҳосили хубро интизоранд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Сарвари давлат бо нашъунамои зироатҳои кишоварзӣ дар Хоҷагии деҳқонии «Абдуғаффор Ҷабборов»-и деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шинос шуданд
- Пешвои миллат дар деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Маҷмааи хизматрасонии «Гулистон»-ро ифтитоҳ ва ба ятимон туҳфаҳо тақдим намуданд
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров майдони Парчами давлатии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд






Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи дуюми сафари кории худ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар деҳаи Далёни поёни ноҳияи Деваштич бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳи рамзӣ Беморхонаи ноҳиявии №5-ро ифтитоҳ намуданд.
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Нофароҷи шаҳри Истаравшан ду хати нави технологии истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикан, афшураву шарбат ва ғизои кӯдакона бо шаҳду шарбатҳо ва мураббои мевагӣ дар Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Оби Зулол»-ро мавриди истифода қарор доданд.
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» ташриф оварда, аз намоишгоҳи зардолу ва асал дидан намуданд.
Имрӯз дар идомаи сафари кории худ ба ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фермаи паррандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Чӯҷаи Байзо»-ро ифтитоҳ намуданд.















