Матни равон

Халқи тоҷик аз қадимулайём ҳамчун миллати фарҳангдӯст, бомаданият, озодихоҳ, ҳимоятгари марзу буми аҷдодӣ ва арҷгузор ба анъана, расму русум ва оинҳои динӣ мебошад. Ин амал ҳанӯз аз замони дини Зардуштӣ ба назар мерасад ва бар пояи асосии он “Пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек” амал менамуд. Бо ин далел пас аз қабул намудани дини ислом гузаштагони мо қоидаҳои он амал мекарданд ва онро барои худ ҳатмӣ медонистанд. Аммо бо гузашти замон ҳомиёни дин аз ҳадди он таҷовуз карда ба амалҳои ғайриқобили қабул, яъне амалҳои хусусияти экстемистиву террористӣ дошта даст заданд. Дар оғози солҳои соҳибистиқлолии кишвари мо низ чунин амал рӯй дод ва ҳомиёни он аз сарҳади қоидаҳои динӣ убур карда бо роҳнамоии баъзе гурӯҳҳои манфиатхоҳи бегона даст ба амалҳои зишту разилона заданд.

Оқибатҳои сангини пайвастани дину сиёсатро дар таъриху тақдири тоҷикон мо дар мисоли фаъолияти ҳизби сиёсӣ-динии наҳзати исломӣ дар солҳои 90-уми садаи ХХ баръало мушоҳида мекунем, ки ҳанӯз аз хотираи мардум шуста нашудааст. Оқибатҳои харобиовари фаъолияти сиёсӣ-динии ҲНИ ҳанӯз бартараф нагардидаанд. Ҳодисае, ки шаби 4 сентябри соли 2015 ба амал омад, ҳеҷ фарди миллатдӯсту ватанхоҳ ва инсонгароро бетараф монда наметавонад. Ин ҳодиса бори дигар ба мардуми дар тӯли таърих аз дасти ба ном “ҳомиён”-и дини ислому мусулмонон азияткашидаи тоҷик нишон дод, ки пайванди дину сиёсат ба ин миллати фарҳангсози ситамдида ҳамеша бо оқибатҳои сангин анҷом ёфтааст. Онҳо ҳамеша бо давлат мухолифат доштанд ва доранд.

Далели ихтилоф доштани ҲНИ ба низоми давлатдории миллӣ ин аст, ки оинномаи ҳизби мазкур на дар асоси андешаи миллӣ, балки дар асоси ақидаи динӣ таъсис ёфтааст ва танҳо дар партави андешаи сиёсии исломӣ фаъолият мекунад. Яъне оинномаи ҲНИ дар асоси ақидаҳои фундаменталистӣ эҷод гардида, манфиатҳои миллӣ дар мадди дуюм қарор доранд. Дар чунин ҳолат ҳокимияти теократӣ ба вуҷуд омада ҳуқуқи пайравони дину мазҳабҳои дигар поймол мегардад ва таҳаммулпазирии динӣ дар ин ҷомеаҳо аз байн меравад.

Шоистаи зикр аст, ки барои давлатҳои қудратталаб маҳз низомҳои исломие мувофиқ аст, ки дар он ҷо сатҳи баланди диндорӣ ва таассуби динию мазҳабӣ вуҷуд дошта бошанд ва барои паҳншавии ақидаҳои динӣ-ифротӣ замина муҳайё созанд. Аз ин нигоҳ, онҳо ба ҳар амали давлатҳои дунявии рушдкунанда, ки аз паҳншавии экстремизми динӣ пешгирӣ мекунанд нороҳат мешаванд ва ин амалҳои қонунӣ ва муътадилсозандаро ба ҳар восита ҳамчун маҳдудкунии озодии динӣ эълон дошта, бо ин усул мехоҳанд ба ривоҷу паҳншавии ақидаҳои динию ифротӣ роҳ кушоянд ва аз ин ҳолат барои барангехтани низоъҳои сиёсӣ-мазҳабӣ ва амалисозии ҳадафҳои геополитикӣ сӯистифода намоянд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки радикализм – зинаи аввали инкишофи экстремизи, яъне ифродгароӣ мебошад. Ифродгароӣ маънои ифрот, зиёдравиро дошта, дар он гурӯҳҳо ва ё ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро барои расидан ба ҳадафҳои сиёсии худ ва амалӣ гардонидани маҷсадҳои моҷароҷӯии худ зӯригарии ҷисмонӣ, услубҳои ҳарбӣ, терор ва фитнаро истифода мебаранд. Ифротгароӣ агар характери сиёсӣ пайдо намояд, яқин аст ки аз тарафи ягон гурӯҳи муташаккил ба мақсади бо роҳи зӯрӣ ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ ва бо рҳи маҷбурӣ таҳмил кардани ақидаҳои ифротии худ таъсис шудааст. Аз ин рӯ ифротгароии сиёсӣ барои амнияти давлатӣ ва ваҳдати миллии кишвар омили хатарнок дониста мешавад.

Маҳз надонистани таъриху тамаддун, адабиёту фарҳанг ва дур будан аз асли хеш шахсро ба гумроҳӣ ва ифродгароӣ водор месозад. Барои баланд бардоштани сатҳи маърифати наврасону ҷавонон ва кулли ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳар як фарди ватандӯстро месазад, ки баҳри муаррифии дастовардҳои даврони Истиқлолият дар дохил ва хориҷи кишвар ҷидду ҷаҳд намуда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун кишвари дар ҳоли рушд, озодихоҳ ва сулҳпарвар муаррифӣ намоем.

Аҳлиддин АБДУРАҲМОНОВ,
директори Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маорифи шаҳри Гулистон

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:3268
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2593
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:5861
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:15476
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:39460
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7681380

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?