Имрӯз дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нашъунамои зироатҳои кишоварзӣ дар Хоҷагии деҳқонии «Абдуғаффор Ҷабборов»-и деҳоти Хистеварз шинос шуданд.
Хоҷагии мазкур аз соли 2007 инҷониб фаъолият дошта, бо истеҳсоли маҳсулоти хушсифат дар таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми назаррас дорад. Ҳамчунин кишоварзони ин хоҷагӣ ҳар сол ҳазорҳо тонна маҳсулоти гуногунро ба хориҷи кишвар содирот мекунанд.
Иттилоъ дода шуд, ки Хоҷагии деҳқонии «Абдуғаффор Ҷабборов» дар майдони 10 гектар замини корами обӣ таъсис ёфта, дар 2 гектари он боғ бунёд карда шудааст. Имсол дар 3 гектар замини ин хоҷагӣ пахта, 4 гектар помидор ва дар боқимонда заминҳо хӯроки чорво кишт шуда, тибқи дурнамо, ҳосилнокии пахта бояд на камтар аз 30 сентнерро ташкил диҳад. Ҳосили интизории помидор ба 140 тонна аз як гектар баробар аст.






Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Маҷмааи хизматрасонии «Гулистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Дар деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдони Парчами давлатии Тоҷикистонро ба истифода доданд.
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боз як иншооти тиббии дигар — бинои дуошёнаи Беморхонаи сироятии ноҳиявиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Боздиди кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз ёфт.















