Матни равон

Дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳти раёсати Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода ҷаласаи фаъолони шаҳр доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Гулистон дар давоми нимсолаи аввали соли 2020 бо иштироки муовини якум, муовин ва роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, молия, нозироти андоз, роҳбарони корхона, ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоати шаҳракҳо, намояндагони соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва дигар фаъолон доир гардид.

Роҷеъ ба фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар давоми нимсолаи якуми соли 2020 муовини якуми Раиси шаҳр Нуринисо Комилзода маърӯза намуд. Зикр гардид, ки дар давоми шаш моҳи соли 2020 ба қисми даромади буҷети давлатӣ 63,4 миллион сомонӣ маблағҳои андозу пардохтҳо ворид гашт, ки он баробар ба 100,7 фоизи нақшаи пешбинишуда мебошад. Нақшаи даромади буҷети шаҳрӣ 109,3 фоиз ба иҷро расонида шуд.

 

Дар ин давра ба андозаи 91,3 миллион сомонӣ маблағ ба иқтисодиёти шаҳр инвеститсияҳо ҷалб гардида, аз он 46,9 миллион сомонӣ инвеститсияҳои хориҷӣ ва 44,4 миллион сомонӣ инвеститсияи дохилӣ буда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта инвеститсияи дохилӣ 2,2 маротиба зиёд мебошад.

Корхонаҳои саноатии шаҳр дар давоми шаш моҳи соли 2020 ба маблағи 1 миллиарду 244,7 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд. Дар давраи ҳисоботӣ корхонаҳои саноатии шаҳр афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро аз 100,1% то ба 3,6 маротиба зиёд таъмин намуда, 64 номгӯи маҳсулот истеҳсол намуданд.

Дар шаш моҳи соли равон аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 63,6 миллион сомонӣ сармоя дар соҳаи сохтмон истифода шудааст. Корҳои бинокорию васлгарӣ ба маблағи 62 миллион сомонӣ иҷро гардида, ба маблағи 5,2 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта шуд. Ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 3 маротиба зиёд мебошад. Иҷрои корҳои пудратӣ ба маблағи 27,4 миллион сомонӣ, ё 2,6 маротиба зиёд гардидааст.

Дар доираи 1300 рӯзи меҳнати зарбдор баҳри истиқболи арзандаи 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳр дар давоми ду сол сохтмони 129 иншооти ҷашнӣ ба маблағи беш аз 280 миллион сомонӣ сохта ба истифода дода шуданд, ки 71,6 фоизи нақша мебошад. Ҳамзамон, дар натиҷаи корбарӣ бо соҳибкорони маҳаллӣ, роҳбарони корхонаҳои саноатӣ ва сокинони саховатманд дар ин муддат зиёда аз 70 иншооти иловагӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Аз ҷумла, сохтмони меҳмонхонаи замонавӣ, гулгаштҳо, бунёди майдончаҳои варзишӣ, ташкили корхонаҳои нав, таҷдиди бинои маъмурӣ, чароғонкунӣ, биноҳои истиқоматӣ ва монанди ин. Дар маърӯза инчунин дигар соҳаҳои хоҷагии халқ мавриди таҳлил ва интиқод қарор дода шуд.

Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода дар баррасии фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқ аз масъулини нозироти андоз, молия, саноат, барқ, комиссариати ҳарбӣ, маориф, тандурустӣ, раисони ҷамоати шаҳракҳо, шуғли аҳолӣ, муҳоҷират ва дигарон пурсиш ба амал оварда, доир ба густариши фаъолият ва тавсеаи корҳо дар самтҳои мазкур дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дар кори ҷаласаи фаъолони шаҳр муовини роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба таҳия ва амалӣ кардани нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадӣ Абдусатторзода ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, директори маркази стандартизатсия, метерология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Суғд Муҳаммадӣ Давлатов иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар интиҳо Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода ба масъулини тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр доир ба вусъати корҳои созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои нақшаҳо дар давоми нимсолаи дуюм, густариши корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, андешидани тадбирҳои зарурӣ барои омодагии ҳамаҷонибаи муассисаҳои тандурустии шаҳр ба ҳолатҳои фавқулода, ба мисли хуруҷи дигарбораи бемориҳои гуногуни сироятӣ, ҷалби бештари сармояи мустақими дохилию хориҷӣ ба иқтисодиёти шаҳр, тақвияти корҳои ташкилӣ ва монанди ин вазифагузории мушаххас намуд.

Дафтари матбуоти

Раиси шаҳри Гулистон

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:867
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4167
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:17214
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:15476
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:50813
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7692733

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?