Матни равон

Миллате, ки дар тӯли таърих борҳо бо кашмакашиҳои зиёд, иғвоҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва динӣ рӯ ба рӯ гардида ба худ таҷрибаи комил ҳосил намуда аз гузаштаи худ ибрат мегирифт. Зина ба зина бо душманонаш сахттар мубориза мебурд ва дар ҳама ҳол аз забону фарҳангу расму оинаш ҳимоят мекард. Соҳибтамаддун будани худро борҳо собит сохтааст, ки дар мисоли мардони поквиҷдон, ватанхоҳ ва хокдӯсташ онро  дидан мумкин аст.  Куруши Кабир аз аввалин касоне буд, ки сохти давлатдорӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон (Эъломияи ҳуқуқи башар) -ро аз худ ба ҷаҳониён мерос гузошт. Яъне тоҷикон аввалин маротиба хостори соҳибҳуқуқ будани башарият дар рӯӣ замин буданд. Зардушт фарҳангӣ инсондӯстиро дар мисоли “Пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек” таҷассум кард, ки баъдтар дар адабиёти тамоми ҷаҳон ин мафҳум ҷойгоҳи хосро касб намуд. То имрӯз бо гузашти ҳазорсолаҳо ҳанӯз мардум барои комил намудани ҳамин андеша талош меварзанд ва бо пайравӣ ба он қавоиди зиндагиашонро месозанд. Меросбарони асили онҳо низ кам набуданд, ки ононро дар мисоли Ардашери Бобакон, Спитамен, Деваштич, Олӣ Сомон, Муқаннаъ, Темурмалик, Восеъ дидан мумкин аст. Аммо дар ҳар давру замон худхоҳ, бадхоҳ, худфурӯш, ватанфурӯш, фарҳангфурӯш ва хокфурӯшон низ пайдо мешуданд ва ба решаи ҳастии миллати тоҷик табар мезаданд. Вале ин табар дар охир ба сари худашон, ки ҳомили тафаккури дигарон буд бармехӯрд. Ин ду тоифаро, ки дар боло зикр кардем то ҳанӯз номашон вирди забони мардум аст, ки аввалиро ҚАҲРАМОН ва дигариро ХОИН ном мебаранд.

Душманони миллати тоҷик дар ҳар давру замон чӣ дохилӣ, чӣ хориҷӣ кам набуданд. Ҳамин боис мешуд, ки аз сарҳо калламанора месохтанд ва узангуи аспҳои худро ба хун меолонданд. Лозим ба ёдоварист, ки дар ин моҷаро хуни касифи хиёнатпешагон низ рехта мешуд ва боз хуни поки шаҳидонро олуда месохт. Ин моҷаро дар забти муғулҳо Осиёи Миёнаро ё ҳуҷуми Искандари  Мақдунӣ бар зидди Доро, ки онро дар  “Шарафнома”-и Низомии Ганҷавӣ  дидан мумкин аст. Ду сарҳанги ғаддори шоҳ Доро баҳри молу сарват ба назди Искандари Мақдунӣ меоянд ва арз мекунанд, ки агар ту ба мо молу сарват инъом намоӣ мо фардо дар набард шоҳ Дороро ба қатл мерасонем. Ҳарчанд, ки Искандари Мақдунӣ ба ин амал бовар надошт, вале кӣ дӯст надорад, ки “Ҳарифро бо дасти ҳариф мағлуб созад”? ба ин амал розӣ шуд. Пас он ду сарҳанги хоин фардояш дар набард ба шоҳ Доро ба таъбири Низомӣ “Теғи паҳлӯшикоф” заданд ва назди Искандар муҷда оварданд. Искандар, вақте ки  шоҳ Дороро дар хоку хун ниҳон дид аз ӯ се панд шунид ва аввалӣ ин буд:

Яке он ки бар куштани бегуноҳ,

Ту бошӣ дар ин доварӣ додхоҳ...

Пас назар меафканем, ки баъд аз ин воқеа Искандари Мақдунӣ бо он ду хоин чӣ кирдореро раво дид?

Нахуст он чи аз ганҷу зар гуфта буд,

Расонид чандон-к пазируфта буд.

Чу нақди пазируфта овард пеш,

Бурун омад аз уҳдаи аҳди хеш.

Бифармуд то хор кардандашон,

Расанкарда бар дор кардандашон.

Касе, к-ин ситам хезад аз номи ӯ,

Бад-ин рӯз бошад  саранҷоми ӯ.

Натиҷа ин шуд, ки на пул диданду на рӯз. Танҳо воситае шуданд, ки душман кишварашонро забт кунад ва то абад  номи нопокашон дар саҳифаи таърихи миллат  ҳамчун хоин сабт шавад.

Баъди пошхурии Иттиҳоди Шуравӣ ва ба даст овардани Истиқлолият ҳамонҳое, ки гирифтори нафси нопокашон буданд боз сар боло карданд ва сарҳои ҳазорон нафари дигарро хӯрданд. Бадбахтии миллати мо дар он шабонрӯз ин буд, ки  ҷавонони дар сохти коммунистӣ тарбияёфта ва ҷавонони  камогоҳ аз дину фарҳанг ба ҳам бархӯрд карданд ва дасисабозон аз ин моҷаро истифода бурданд ва ба таъбири “Нифоқ андозу ҳукумат кун” амал намуданд. Он рӯзҳо ба гӯши мардум на Ислом медаромаду на инсон, зеро мардум  гурусна буданд. Беҳуда нест, ки мегӯянд “Гурусна  ба шер ҳамла мекунад”. Роҳи наҷот ба даст овардани нон буд. Ин фурсатро интизор будагон ба ҷавонони гурусна нонро ҳамроҳи яроқ доданд ва бар ивази нон ҷони падару  модарашон, хоҳару бародарашонро талаб намуданд.  Ин оғози  бадбахтии 6 – солаи миллати мо буд.  Дар сари ин дасисабозиҳо собиқ ҳизби террористиву экстремистии наҳзат меистод.

Бори дигар филми мустанади “Хиёнат” бо далелҳо собит намуд, ки он бадбахтиҳое, ки бар сари миллати тоҷик омад барномаи нобудсозии миллати тоҷик бо дасти худ аз ҷониби роҳбаладони ТТЭ ҲНИ буд. Филми мазкур равшан намуд, ки сабабгори асосии ба вуҷуд омадани ҷанги таҳмилии бародаркуш дар Тоҷикистон ТТЭ ҲНИ баҳри ба даст овардани ҳокимият ва барпо сохтани давлати ба ном исломӣ буд. Нақшаву барномаҳои онҳо ҳанӯз солҳо қабл таҳия гардида саркардагони он дар хориҷ аз кишвар сабақи ифротгароии динӣ ва роҳҳои ташаккули онро омӯхтаанд. Филм бозгӯӣ он аст, ки душманон дар баробари таълимӣ ҳарбӣ додан аъзои ин ҳизбро аз ҷиҳати молиявӣ низ дастгирӣ менамудаанд.

Чуноне ки зикр мегардад дар тӯли фаъолият барои амалӣ гардонидани ҳадафҳои ғаразона ба ТТЭ ҲНИ маблағҳои зиёд дастрас гардидааст. Ҳамчунин ҷавонони зиёдро тавассути мағзшӯӣ ба куштору қатли бераҳмона омода мекарданд.  Дар баробари ин баҳри монеа эҷод намудан ба рафти музокироти сулҳ пайваста шахсиятҳои барӯманд, ки дар барқарор сохтани сохти конститутсионӣ талош меварзиданд, бо роҳҳои гуногун ваҳшиёна ба қатл расонида мешуданд. Инчунин, барои ноором сохтани муносибати Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ намояндаи СММ муттаҳидро дар водии Рашт бераҳмона ба қатл расониданд. Аз байн бурдани зиёиёну равшанфикрон ва ходимони барҷастаи илми кишвар ҳадафи дигарашон буд. Ин зарари маънавии бузурге баҳри бедорсозии ҷавононе, ки ба домашон гирифтор мешуданд, маҳсуб меёбад. Зеро маҳз, зиёиён метавонистанд, ашхоси ба ин гирдоб мубталошударо берун оранд. Дар урфият мегӯянд, ки: “Сад сол лозим аст, ки як олим ба дунё ояд”, аммо ин хоинон зиёда аз 100 олимону равшанфикронро аз дунё бурданд, ин аст “хайрхоҳӣ”?

Натиҷаи амалҳои онҳо дар он рӯзгор ин аст: 1) беш аз 150 000 қурбон гардиданд; 2) 55 000 кӯдак аз меҳру муҳаббат ва навозишҳои падару модар маҳрум гардиданд; 3) 28 000 занон шавҳарони худро аз даст доданд; 4) 1 000 000 фирорӣ гардиданд; 5) 10 миллиард доллар хисороти моддӣ расонида шуд.

Хоинони миллат ин хисоротро танҳо барои қонеъ кардани нафси ҳайвонии худ ба ҳамхунони худ раво диданд. Аммо имрӯзҳо берун аз кишвар қарор доранду боз ҳасудона ба сулҳу суботи кишвар панҷа мезананд. Агар ин корро аз як тараф аз рӯи ҳасодат анҷом диҳанд аз ҷониби дигар бо хала кардани хоҷагонашон роҳандозӣ мекунанд.

Роҳбари собиқ ТТЭ ҲНИ М. Кабирӣ вақте, ки мегӯяд: “Дифоъ аз Ихвонулмуслиминро вазифаи ҷонии худ медонам” аз он шаҳодат медиҳад, ки ӯ бо ҳамагуна ташкилотҳои террористӣ ҳамкорӣ ва ҳамдастӣ дорад. Худи ӯ таълимдидаи бошишгоҳҳои махсуси кишварҳои хориҷ аст, ки ба омода намудани хоинон ва ифротгароён машғуланд ва дар ин замина аз андоза беш таҷриба омӯхтааст ва бо ҳар роҳу воситае дар ҳар ҳолат метавонад ашхоси аз шахсияти худ бехабарро ба доми амалҳои нангинаш кашад. Аз рӯӣ таҳлилҳо ва иқрори ба доми ӯ афтодагон, ки аз кирдори худ пушаймонанд онҳоро бо роҳҳои гуногун, ҳатто бо воситаи кишварҳои дуюм ва сеюм ба макони лозима интиқол медодаанд. Пас аз ба ваъдагоҳ расидан ваъдаҳои додаро фаромӯш намуда, бо таҳдид, ки роҳи бозгашт зиндон аст, маблағи кӯчакеро барои “Хуру намур” ба онҳо дода, дар пайи роҳандозии ҳадафҳояшон гардида, дар баъзе ҳолатҳо ба осонӣ аз онҳо даст мекашанд. Дар баробари ин амалҳо Муҳиддин Кабирӣ  дар атрофи худ бо маблағгузории махсуси хоҷагони хориҷӣ якчанд сомонаҳои ифротӣ бо роҳбарони махсуси таълимдидаи ифротӣ таъсис додааст. Агар чанде ки онҳо худро мустақил вонамуд мекунанд, аммо бешубҳа дастнигарӣ Кабирӣ ҳастанд.  Роҳбарони  сомонаҳои ифротии “Паём.нет”, “Востокнюс”, “Озодандешон”, “Кимиёи Саодат”, “Ахбор.ком” ва дигарон пайваста ба нашри маводҳои беасосу фитнаангез ва дорои туҳмату бӯҳтон машғуланд.

Бештари вақт ба он мутаваҷҷеҳ мегардем, ки хоинон бо истифода аз номи дини мубини Ислом бар он сабаб, ки 99 фисади сокинони кишвар мусалмон ҳастанд аз эътиқоду боварии онҳо истифода карданӣ мешаванд. Ҳамзамон дар аксари ҳолатҳо таълимдидагони мактабҳои ифротгароӣ бо фарҳанг ва эҳсоси мардум бозӣ карда, бо ҳар роҳу восита  баҳри пиёда сохтани амалҳои нопоки худ мекӯшанд. Ба ақидаи онҳо гӯё ҳуқуқҳои динии сокинон дар кишвар поймол гардида истодааст. Биёед як назари одилона ва бовиҷдонона менамоем: дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо роҳбари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар навбати аввал китоби муқаддаси мусалмонон – Қуръони маҷид бо забони ноби тоҷикӣ тарҷума ва тафсир гардида ба нашр расида дастраси сокинони кишвар гардид. Дар баробари ин бо ибтикори Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон баҳри арҷ гузоштан ва зинда нигоҳ доштани номи фарзанди фарзонаи миллат Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит соли 2009-ро ҳамчун соли бузургдошти ин абармарди роҳи Ислом эълон доштанд. Лозим ба зикр аст, ки худи ҳамон сол дар пойтахти кишварамон ҳамоиши байналмилалӣ доир ба бузургдошти ин шахсияти наҷиб бо иштироки зиёда аз 500 нафар олимону сиёсатмадорон ва ходимони дин аз 100 давлати ҷаҳон дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш яке аз мутафаккирони Шарқ бо як рӯҳияи баланд дар назди ҳозирин иброз дошт, ки: “Коре, ки имрӯз Эмомалӣ Раҳмон барои зинда нигоҳ доштани абармардони Ислом кард, то ба имрӯз на араб кардаасту на аҷам”.  Дар  ин баробар бо кӯшиши Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе масҷиди бузургтарин дар Осиёи Марказӣ бунёд гардида истодааст. Чанд нуктаи дигарро метавон дар ин маврид баён дошт, вале барои шахсони ҳақиқатбин ҳамин нуктаҳо кофист, зеро гуфтаанд: “Як нукта бас аст, агар шуур аст”! Мутаассифона, ҳамаи ин амалҳоро афроди хиёнатпеша дида наметавонанд ва аз он сарфи назар мекунанд. Пайваста ифротиён дар сомонаҳои худ бо нашри маводҳои туҳматангез ба номи миллат ва дин иснод оварданӣ мешаванд, вале он ҳама дурӯғи маҳз аст.

Хушбахтона, дар филми “Хиёнат” аз рӯӣ роҳбарони онҳо парда боз карда шуд ва бори дигар бо далелҳо ҳақиқат ошкор гардид. Ин хоинони ватанфурӯш, ки заррае ҳам дар вуҷудашон нангу номус вуҷуд надорад баҳри пиёда сохтани дастуру супоришҳои манфиатхоҳони хориҷиашон аз ҳеҷ амали нангине даст намекашанд.

Пас аз равшантар гардидани ин ҳақиқати таърих ба воситаи филми “Хиёнат” мардуми сарбаланди миллати тоҷик бори дигар чеҳраи разилонаи хоинони миллати хешро аз наздик диданд ва дигар ҳаргиз ба суханҳои бофтаю сохта ва иғвоангезонаи онҳо гӯш нахоҳанд дод. Имрӯз фурсати он расидааст, ки ҳар як шаҳрванди кишвар баҳри саҳми арзанда гузоштан дар шукуфоии кишвари азизамон - Тоҷикистон бикӯшад ва Истиқлолияту Ваҳдати миллиро бо арзиши ҷон ҳифз намояд.

 

Аҳлиддин АБДУРАҲМОНОВ, директори Маркази дарёфт ва рушди
истеъдодҳои назди шуъбаи маорифи шаҳри Гулистон
Фаридуншоҳ АБДУЛЛОЕВ, сармутахассиси Маркази дарёфт ва рушди
истеъдодҳои назди шуъбаи маорифи шаҳри Гулистон
Исмоил САИДОВ, роҳбари Маркази илмӣ-амалии дарёфт ва рушди
истеъдодҳои МТМУ №14-и шаҳри Гулистон

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:585
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2331
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:9579
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:15476
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:43178
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7685098

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?