Нимаи дуюми рӯзи 25 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Ховалинг мулоқоти самимӣ доир карданд.
Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои истиқболи гарм, дастгирии сиёсати созанда баҳри рушду пешрафти кишвар ва ободии як гӯшаи диёр ба сокинони меҳмоннавози ноҳияи Ховалинг изҳори сипос карданд.
Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки дастовардҳо дар соҳаҳои мухталифи ноҳия тайи 29 соли истиқлол нишон медиҳанд, ки Ҳукумати кишвар барои боз ҳам беҳтар гардидани рӯзгори сокинони ноҳия эътибори махсус зоҳир карда, дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум аз тамоми захираву имкониятҳо истифода менамояд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Ба истифодадиҳии агрегатҳои Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» дар шаҳри Левакант бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Шаҳритус мулоқот намуданд
- Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Тус»-ро дар ноҳияи Шаҳритус баъд аз таъмиру навсозӣ ифтитоҳ намуданд






Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг бинои Қисми мустақили 55-уми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати ноҳияи Ховалингро ифтитоҳ намуданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1-ро пас азнавсозӣ мавриди истифода қарор доданд.
25 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҳаллаи Тутаки шаҳраки Ховалинги ноҳияи Ховалинг ташриф оварда, корхонаи хурди истеҳсоли нушокиҳои ташнашикан ва бандубасти гиёҳҳои шифобахши ҶДММ «Оби Ховалинг» — ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Левакант Парчами давлатиро барафрохтанд.














