Матни равон

Дирӯз ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон бо фаъолияти корхонаҳои воҳиди давлатии «Дӯзандагӣ» ва «Пойафзолбарорӣ»-и Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шиносоӣ пайдо карданд.

Нахуст Пешвои миллат аз намоиши дарахтони ороишии ҳамешасабз ва сояафкан, ки дар саҳни корхона ташкил карда шуд, дидан карданд. Номгӯи зиёди ниҳоли дарахтони ороишию сояафкан, ки бештари онҳо дар хоҷагиҳои ниҳолпарварии Агентӣ дар ҳудуди вилояти Суғд парвариш карда мешаванд, ба намоиш гузошта шуд.

Бояд тазаккур дод, ки коргоҳҳои дӯзандагӣ ва пойафзолбарорӣ дар Ҷамоати шаҳраки “Палос”-и шаҳри Бӯстон бо дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда шудаанд. 16 ноябри соли 2017 бо иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин корхонаҳои истеҳсолӣ ифтитоҳ карда шуд. Ҳадаф аз таъсиси коргоҳҳои мазкур таъминоти ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат бо сару либоси низомӣ ва бо шуғли доимӣ таъмин намудани сокинон, хусусан бонувони маҳаллӣ мебошад. Бинои коргоҳҳои истеҳсоли либоси низомӣ ва пойафзол бо шароити зарурӣ таъмин карда шуда, дорои дастгоҳу таҷҳизоти муосир мебошад.

Тибқи нақша, дар коргоҳҳои мазкур либосҳо барои сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, пойафзол барои аскарону афсарон ба роҳ монда шудааст. Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки дар коргоҳи истеҳсоли пойафзол 50 нафар фаъолият менамоянд ва дар коргоҳи дӯзандагӣ 150 нафар бонувони маҳаллӣ ба дӯхти сару либоси низомӣ машғул мебошанд. Дар баробари бонувон ба дӯхти либоси низомӣ ва пойафзолбарорӣ сарбозон низ ҷалб гардидаанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҳсулоти истеҳсолии ин коргоҳҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, барои таъмин кардани сохторҳои қудратии мамлакат бо сару либоси истеҳсоли худӣ дар ҳама мавсимҳои сол, боз ҳам равнақ бахшидани фаъолият ва афзоиши ҳаҷми истеҳсолот дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Ба иттилои масъулон, иқтидори истеҳсолии коргоҳи пойафзол 15 ҳазор ҷуфт дар як сол буда, дар ин коргоҳ ашёи хом асосан аз Федератсияи Россия дастрас гардида, пойафзоли босифати чармӣ истеҳсол карда мешавад. Масъулон нақша доранд, ки дар раванди истеҳсолот маҳсулоти хомро аз корхонаҳои ватанӣ дастрас намоянд ва аллакай шартномаҳо дар ин самт баста шудаанд. Дар коргоҳи пойафзолбарорӣ раванди кор аксаран дастӣ сурат мегирад ва мутахассисон бо истифода аз таҷрибаи баланд пойафзоли босифат барои сарбозону афсарон истеҳсол менамоянд.

Қаблан молу маводе, ки айни ҳол дар Корхонаи воҳиди давлатии «Дӯзандагӣ» ва «Пойафзолбарорӣ»-и Агентӣ истеҳсол мешаванд, пурра аз хориҷи мамлакат ворид карда мешуд. Соли 2020 аз рӯйи нақша қариб 20 ҳазор маҷмӯи сару либоси низомӣ дар корхона истеҳсол карда шуда, масъулон азм доранд, ки соли равон иқтидори истеҳсолиро боз ҳам афзоиш диҳанд. Либоси истеҳсолкардаи ин корхона бо сифати баланд ва шаклу андозаҳои гуногун барои мавсимҳои тобистону зимистон дӯхта мешаванд.

Ҳоло бо фароҳам шудани имконияти мусоиди фаъолият дӯхти либос барои гурӯҳҳои таъйиноти махсуси мақомоти қудратии кишвар низ ба роҳ монда шудааст, ки дорои сифати баланд аст. Маврид ба зикр аст, дар шаҳри Бӯстон Корхонаи давлатии кишоварзии «Палос»-и Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд, ки масоҳати умумии он 14 ҳазору 86 гектарро дар бар мегирад. Дар заминҳои корхона сабзавот, донагӣ, ғалла, пахта ва дигар навъи маҳсулоти кишоварзӣ кишту парвариш ва ҷамъоварӣ шуда, ба ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ дастрас карда мешавад. Ҳамчунин дар корхона парвариши чорвои калону майда низ ба роҳ монда шудааст. Корхона дорои техникаи гуногуни кишоварзӣ буда, дар он 130 нафар кор мекунанд.

Дар заминаи дастгириву ғамхориҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ пурра бо маводи ғизоӣ, сару либоси низомӣ ва пойафзоли босифат аз ҳисоби корхонаву коргоҳҳои Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешаванд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати назорати фаъолияти муназзами коргоҳҳои дӯзандагӣ ва пойафзолбарорӣ ба роҳбарияти Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1773
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2433
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:10946
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17754
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:39505
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7771895

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?