Ба муносибати ҷашни бисту нуҳумин солгарди Соҳибистиқлолии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ ва динӣ номаҳои шодбошӣ ворид мегарданд.
Дар ин паёмҳои табрикотӣ дастовардҳои азими тайи солҳои соҳибистиқлолии кишварамон дар арсаҳои давлатсозӣ, рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, инчунин таҳкими пайвастаи обрӯву эътибори кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ тавассути иштироки созандаву фаъолона дар ҳалли масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ, зикр гардидаанд.
Муаллифони барқияҳои табрикотӣ ҳамчунин таманниёти самимонаи худро ҷиҳати сулҳу субот ва шукуфоии минбаъдаи мардуми Тоҷикистон иброз дошта, ба Сарвари давлати мо некуаҳволӣ ва комёбиҳои беш аз пеш дар фаъолияти сермасъули давлатиашон орзу намудаанд.
Мақолаҳои боқимонда...
- ПАЁМИ ШОДБОШИИ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 29-умин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Муборакбодии Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода ба ифтихори 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода аз «Боғи Ватан» боздид намуданд






Ба муносибати ҷашни бисту нуҳумин солгарди Соҳибистиқлолии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ ва динӣ номаҳои шодбошӣ ворид мегарданд.
8 сентябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Гулистон чанде аз собиқадорони меҳнатро аёдат намуд.
Дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бахшида ба 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода бо иштироки фаъолон ва пешоҳангони соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи шаҳр ҷамъомади ботантана баргузор гардид.
Ба ифтихори таҷлили 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода бо ҳамроҳии намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба таҳия ва амалӣ кардани нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майор Савзаалӣ Назирзода ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, директори Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар вилояти Суғд Муҳаммадӣ Давлатов аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорон ва ашхоси барӯманди шаҳри соҳили “Баҳри тоҷик”-ро аёдат намуда, ба онҳо туҳфаҳои идона тақдим намуданд.















