8 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Олучадараи деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат ҳавзҳои моҳипарвариро, ки аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Меҳвари Душанбе» бунёд гардидааст, ифтитоҳ карданд.
Иншооти мазкур дар соҳили дарёи Кофарниҳон дар мавзеи ноободу санглох бунёд гардидааст.
Иттилоъ дода шуд, ки қабл аз ташкили ҳавзҳои моҳипарварӣ ба дарозии зиёда аз 1 км корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба ҷо оварда шуда, ҳамчунин барои бо об таъмин намудани ҳавзҳо ба ҳамин масофа бо воситаи қубурҳои оҳанӣ об оварда шудааст.
Масоҳати умумии атроф ва ҳавзҳои моҳипарварӣ 7 гектарро ташкил намуда, дар масоҳати 3 гектар дарахту бутта ва гулҳои ороишӣ шинонида шудааст.






Дар мавзеи Олучадараи деҳоти Ромит Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳавзҳои моҳипарварӣ ва як меҳмонхонаро дар ин мавзеи дилфиреб ифтитоҳ карданд.
8 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рафти нашъунамои зироати тирамоҳӣ дар хоҷагиҳои деҳқонии «Наҷот», «Икромҷон-1», «Ойбӣ», «Зулфия», «Бахтиёр» ва «Фирӯз» дар деҳоти Чӯянгарони шаҳри Ваҳдат шинос шуда, аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуданд.
Дар деҳоти Симиганҷи шаҳри Ваҳдат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Литсейи касбии сайёҳӣ ва хидматро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо имконоти таълим дар он шинос шуданд.
8 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат ташриф оварданд.














