Дар доираи сафари корӣ ба мавзеи бунёди НБО-и «Роғун» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар нақби сохтмонии қабати чорум шинос шуданд.
Корҳои сохтмонӣ дар нақби сохтмонии қабати чорум соли 2018 оғоз гардида, дарозии иншооти мазкур 1750 метр ва қутраш 15 метрро ташкил медиҳад.
Қобилияти обгузаронии нақби сохтмонии қабати чорум дар як сония 3500 метри мукаабро дар бар мегирад.
То имрӯз ҳаҷми умумии корҳои нақбканӣ 342,3 ҳазор метри мукааб, корҳои бетонхобонӣ 92,2 ҳазор метри мукаааб ва гузоштани анкерҳои ПНА 21 ҳазор метр иҷро гардидааст.
Мақолаҳои боқимонда...
- Изҳори сипоси Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Тоҷикистон
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко суҳбати телефонӣ анҷом доданд
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд






14 октябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ ба Неругоҳи барқи обии «Роғун» ташриф оварданд.
Ба муносибати аз нав интихоб гардидан ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои табрикотӣ ворид мегарданд.
Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муҳтарам Муҳаммад Ашраф Ғанӣ суҳбати телефонӣ анҷом доданд.














