Ба муносибати аз нав интихоб гардидан ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои табрикотӣ ворид мегарданд.
Дар табрикоту таҳнияти Ходими Ҳарамайни Шарифайн Подшоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд чунин омадааст:
“Ба Ҷаноби Олӣ ва бародарам Эмомалӣ Раҳмон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Боиси хушнудии мост, ки ба муносибати аз нав интихоб гардиданатон ба маснади Президент барои мӯҳлати садорати нав ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, беҳтарин табрикоту таманниёти неки хешро арз намуда, бароятон сиҳатмандиву бурдборӣ ва ба мардуми бародари Тоҷикистон пешрафту шукуфоии беш аз пеш таманно намоям.
Мақолаҳои боқимонда...
- Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар нақби сохтмонии қабати чорум (СТ-4)-и НБО «Роғун» шинос шуданд
- Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун ва шиносоӣ бо корҳо дар НБО «Роғун»
- Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






14 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо ҷараёни корҳо дар Неругоҳи барқи обии “Роғун” бо бунёдкорони ин иншооти азими кишвар мулоқот карданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Прзиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ҳамчунин ба Толори мошинҳо ташриф оварда, бо ҷараёни корҳо дар агрегати рақами 4 шинос шуданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи барқи обии “Роғун” аз дидбонгоҳи кони рақами 17 ҷараёни корҳоро дар баромадгоҳи нақбҳои сохтмонии СТ-3 ва СТ-4 дидан карданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти обқабулкунаки доимии Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд.














