Матни равон

Дар Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и шаҳри Гулистон ба муносибати 28-умин солгарди Рӯзи таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади ботантана бо иштироки собиқадорон, ҷанговарони интернатсионалист, муҳофизони сохти конститутсионӣ, афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбии дар ҳудуди шаҳр буда, намояндагони ҷамоати шаҳракҳо ва дигар фаъолони соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр доир гардид.

Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода гулистониёнро бо Рӯзи таъсиси Қувваҳои мусаллаҳ шодбош намуд. Зикр гардид, ки таҳти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташкил ва ба вуҷуд овардани заминаи сиёсиву ҳуқуқии сохтори ҳарбии ҷумҳурӣ муваффақ шудем. Маҳз туфайли ѓамхории пайвастаи Пешвои муаззами миллат, Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳ имрӯз Артиши миллии мо ба қувва ва сипари боэътимоди муҳофизкунанда табдил ёфтааст. Дар муддати 28 соли гузашта, ба дӯши хизматчиёни ҳарбии ҳамаи сохторҳои низомии мамлакат иҷрои вазифаҳое гузошта шуда буданд, ки тақдири миллат ва давлат, дастовардҳои истиқлолият аз ҳалли онҳо вобаста буд.

Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар аз уҳдаи иҷрои ин қарзи муқаддаси худ сарбаландона баромада тавонистанд. Ҳамчунин қайд гардид, ки имрӯзҳо садҳо нафар ҷавонписарон аз шаҳри Гулистон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбаландона қарзи Ватан-Модарро ба иҷро мерасонанд. Соли гузашта дар даъвати баҳорона ва тирамоҳӣ ҷавонписарони баору номусу нанг аз шаҳру шаҳракҳо ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон тантанавор гусел карда шуданд. Боиси тазаккур аст, ки дар сафи онҳо шахсони ихтиёрӣ бештар мегарданд. Ин далолат ба он мекунад, ки насли наврас дар рӯҳияи ватандориву ватанпарастӣ тарбия мегиранд. Дар ин кор саҳми собиқадорони меҳнат, ҷанговарони интернатсионалист ва муҳофизони сохти конститутсионӣ басо назаррас аст. Онҳо бо таҷрибаи бойи худ дар ин ҷода собитқадам мебошанд. Дар ин росто, кумитаи волидайн бо аскарбачаҳои гулистонӣ ҳамеша робита дошта, корҳои ҳарбию ватандӯстиро пеш мебарад.

Сипас дар вазъи мутантан ба ҳомиёни шуҷоатманди Ватан сипоснома ва туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр супорида шуд.

Дар фарҷом санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр консерти идонаро ба иштирокчиёни ҷамъомад манзур намуданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

БА ДИҚҚАТИ РОҲБАРОНИ КОРХОНАВУ МУАССИСА, ИДОРАВУ ТАШКИЛОТ, СОҲИБКОРОН ВА САХОВАТМАНДОН

Маблағҳои хайриявии худро барои дастгирии маъюбон, шахсони барҷомонда, ниёзмандон ва ободонии маҳал ба суратҳисоби зерин...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1074
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2226
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:7737
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:18293
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:61877
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:64958
mod_vvisit_counterҲамагӣ:3765657

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?