Дар мавзеи Олучадараи деҳоти Ромит Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳавзҳои моҳипарварӣ ва як меҳмонхонаро дар ин мавзеи дилфиреб ифтитоҳ карданд.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳавзҳои моҳипарварӣ аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Баҳор” -и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар масоҳати 13 гектар ташкил гардидааст.
Корҳои сохтмонӣ дар ин мавзеъ аз моҳи январи соли 2018 оғоз гардида буд.
Аз соли 2019 инҷониб дар ин мавзеъ дар 21 ҳавзи моҳипарварӣ, ки масоҳаташон аз 60 то 160 метри мураббаъ мебошанд, моҳиҳои гулмоҳии навъҳои рангоранг (радужний), дарёгӣ (речной) ва тиллоранг (янтарний) парвариш карда мешаванд.






8 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рафти нашъунамои зироати тирамоҳӣ дар хоҷагиҳои деҳқонии «Наҷот», «Икромҷон-1», «Ойбӣ», «Зулфия», «Бахтиёр» ва «Фирӯз» дар деҳоти Чӯянгарони шаҳри Ваҳдат шинос шуда, аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуданд.
Дар деҳоти Симиганҷи шаҳри Ваҳдат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Литсейи касбии сайёҳӣ ва хидматро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо имконоти таълим дар он шинос шуданд.
8 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат ташриф оварданд.














