7 сентябр ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Турсун Тӯйчиеви шаҳри Турсунзода ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сардор-2008» оғози расмӣ бахшиданд.
Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат нахуст аз намоиши маҳсулоти коргоҳ дидан карда, ба сифат ва намои анвои маҳсулоти омодагардида баҳои баланд доданд.
Қобили зикр аст, ки корхонаи мазкур аз соли 2010-ум инҷониб дар бинои иҷора фаъолият мекард ва шумораи кормандонаш 9 нафарро ташкил медод. Акнун бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси соҳибкори ватандӯст Шавкат Мадраҳимов корхона бо бинои наву замонавӣ ва муҷаҳҳаз бо дастгоҳу таҷҳизоти насли нав таъмин гардида, ба ин васила шумораи кормандон низ ба 250 нафар расонида шуд.
Мақолаҳои боқимонда...
- ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН-2020: андешаҳо ва воқеияти ҳуқуқӣ. АМИТ «Ховар» назари дастаҷамъонаи олимонро пешниҳод менамояд
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар гузашти ҳарбӣ ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд
- Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1993-2002 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ






7 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода майдони Парчами давлатиро мавриди истифода қарор доданд.
4 сентябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 29 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни сохторҳои ҳарбӣ ва сарбозон, ки дар фаъолияти худ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои ҳарбӣ супориданд.















