8 феврал сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд аз шаҳри Бӯстон оғоз гардид.
Дар ин шаҳри саноатӣ нахуст бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи истеҳсоли мехҳои печони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нуртез” мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Корхонаи мазкур дар минтақаи саноатии шаҳри Бӯстон аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ — бародарон Акрамовҳо бо харҷи 15,3 миллион сомонӣ сохта шуда, дар ин ҷо зиёда аз 40 намуд мехи печон бо шаклу андозаҳои гуногун, ки имрӯзҳо дар бозори дохилӣ талабот ба он бештар аст, истеҳсол карда мешавад.






8 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар ҷашни Садаи ниёгон, таъсиси боғу токзори нав, ифтитоҳи якчанд иншооти соҳаҳои маъмурӣ, иҷтимоӣ, корхонаву коргоҳҳои саноатӣ, марказҳои фарҳангию фароғатӣ ва суҳбату мулоқот бо сокинони касбу кори гуногун ба вилояти Суғд ташриф оварданд.
Дар шаҳри Гулистон ҷиҳати ободу зебо гардонидани шаҳр ва тозаву озода нигоҳ доштани он, кабудизоркунӣ, тозаву озодакунии гирду атроф ва шафати роҳи асосӣ корҳои ободониву сабзкорӣ ба роҳ монда шуд.
Дар ҳошияи иштирок дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои XXIV зимистонаи Олимпӣ дар шаҳри Пекин дидору суҳбатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сарони як қатор давлатҳо ва роҳбарони созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимухамедов, Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон, Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш, Раиси Маҷмаи Умумии СММ Абдулло Шаҳид доир гардиданд.
5 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пекин дар ҳошияи маросими ифтитоҳи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин мулоқот карданд.















