ШАРҲУ ЭЗОҲИ НУКТАҲОИ ПАЁМ БО ТАРҒИБОТЧИЁНИ ШӮРОИ ҲАРАКАТИ ҶАМЪИЯТИИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ ТОҶИКИСТОН
Тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Раиси Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шарҳу эзоҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон санаҳои 13-14уми январи соли 2021 вохӯрии гурӯҳи тарғиботии вилоятӣ бо иштироки Исломҷон Раҳимов номзади илмҳои филологӣ, дотсент, декани факултети забонҳои шарқи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ва Нодир Турсунзода хабарнигори рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд” ва тарғиботчиёни маҳаллӣ Илҳом Мадализода мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр ва Аҳлиддин Абдураҳмонов мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр бо кормандони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳр ташкил ва гузаронида шуд.
Чунин вохӯрӣ дар толори мактаби санъати шаҳри Гулистон низ доир гардид. Тағиботчиёни Шӯрои вилоятӣ ва шаҳрии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон суханронӣ намуданд. Зикр гардид, ки Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии кишвар, ки санаи 21-уми декабри соли 2021 ироа гардид фарогири ҳамаи самтҳои хоҷагии халқи кишвар мебошад.






ФАРМОНИ
Имрӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон маҷлиси ҷамъбастии фаъолияти солонаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон баргузор гардид. Ба кори он раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, собиқадорони ҳизб, аъзоёни фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ва аъзоёни фаъоли кумитаи иҷроияи шаҳрӣ даъват гардида буданд. Дар кори маҷлис Раиси шаҳри Гулистон муҳтарам Маҷидӣ Бахтиёр Саидаҳмадзода ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд муҳтарам Исмоилзода Зуфар Муртазохон иштирок доштанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба мақоми олии қонунгузори кишвар ишора ба муҳимияти соҳаи саноат намуда қайд карданд, ки “Амалигардонии ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар имкон медиҳад, ки рушди устувори соҳаи саноат ҳамчун тавлидкунандаи арзиши баланди иловашуда таъмин гардида, дар ин раванд даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил карда шавад”.
6 январи соли 2022 бо ташаббуси ҷониби Қазоқистон суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Тоқаев сурат гирифт.














