Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Италия муҳтарам Серҷо Матарелла барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Бо камоли самимият Шуморо ба муносибати аз нав интихоб шуданатон ба мақоми олии Президенти Ҷумҳурии Италия табрику муборакбод мегӯям.
Бо ибрози беҳтарин таманниёт ба Шумо сиҳатмандии комил ва дар пешбурди ваколатҳои пурмасъулиятатон комёбиҳо, ба мардуми дӯсти Италия сулҳу амонӣ ва пешрафту шукуфоии беш аз пеш орзумандам.






Санаи 31-уми январи соли 2022 иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода бо мақсади шиносоӣ аз рафти корҳои ободонӣ ва хуррамгардонӣ аз Ҷамоати шаҳраки Сирдарё то даромадгоҳи ғарбии шаҳр боздид ба амал овард.
















