7 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои навбунёди Маркази саломатии деҳоти «Зарзамин»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти мазкур бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи саломатии мардум бунёд гардида, дар он шароити зарурии хизматрасонии тиббӣ муҳайё карда шудааст.
Қаблан Маркази саломатии деҳоти “Зарзамин” дар бинои собиқ ҷамоати деҳот фаъолият дошт ва бештар аз 35 нафар корманди соҳаи тандурустӣ ба аҳолӣ хизмат мерасониданд.
Зимни шиносоии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бинои нави Маркази саломатии деҳоти “Зарзамин” бо харҷи 2 миллиону 278 ҳазор сомонӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бунёд гардида, атрофи иншооти ҷашнӣ сабзу хуррам ва ободу зебо гардонида шудааст. Бино аз 2 ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум ҳуҷраҳои бақайдгирӣ, рентген, табобати дандон, таҳлилгоҳ, ултрасадо ва дар ошёнаи дуюм маъмурият, маҷлисгоҳ, ҳуҷраҳои иммунизатсия, гузаронидани сӯзандорӯ ва ҳуҷраи хатна ҷой дода шудаанд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон толори пазироии меҳмонони олимақомро дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ифтитоҳ намуданд
- Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб дар чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ иштирок карданд






7 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Бӯстон бинои муассисаи таълимии хусусии «Ворисони илм»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози сафари корӣ ба шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли шиферҳои асбестии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ганҷофар”-ро ифтитоҳ бахшида, иқдоми соҳибкоронро дар таъсиси корхонаҳои саноатӣ ва саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати кишвар муҳиму шоиста арзёбӣ намуданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави аэровокзали Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷандро расман ба истифода доданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ эҳтироми модар ва арҷгузорӣ ба заҳмату хизматҳои модарони тоҷикро таъкид намуда, дар ситоишу васфи модар фармудаанд: «Модар — офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерубахши рӯҳу ҷон мебошад.














